Нилуфар дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор дошт. Дари хонаи иҷорааш сахт- сахт тақ- тақ шуд ва зан бо гумони он ки шавҳараш мадааст, осемасар дарро кушод. Дар рӯ ба рӯяғ як зани миёнасоли фарбеҳ бо духтараки навраси тақрибан 14-15 сола меистод.
-Салм! Ба шумо кӣ даркор?
-Ба мо Нилуфар даркор аст.
-Ман Нилуфар, вале ростӣ шуморо нашинохтам.
-Акнун мешинос!,-Занро инро гуфта бе пушт-пушт зада ба хона даромад ва кунҷкобона ба тор тараф чашм давонда, худ ба худ зери лаб пичиррос зад” Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд!”
-Мебахшед, шумо кистед ва барои чи омадед?-сабру қарор аз даст дода пурсид Нилуфар.
Зан лабашро бурма карда, кунҷковона ба шиками давидаи ӯ назар карду ба ҷойи ба саволаш ҷавоб додан пурсид:
-Ин кӯдаки Рустам?
-Бале, Шумо шавҳари маро мешиносед?
-Ҳмм, чи хел нашиносам, охир ман зани асосиаш ҳастам.Ҳамон зане, ки 18- сол хизмати падару модарашро ба ҷо оварда, баряш панҷ фарзанд ба дунё овардааст. Ту бошӣ зани дуввумаш ҳастӣ, рост аст?
-Оре,-Нилуфар гунаҳкорона сар хам кард.
-Гуш кун хохар, ман ҷангкунӣ наомадаам.Дар хонаи мо як ҳафта шуд, ки ҷангу ҷанҷол идома дорад.Ман ба Рустам гуфтам, ки аз ду якеро интихоб кун, ман ё зани дуюмат! Албатта вай маро интихоб кард, чунки ягон мард барои зани дуюм шуда аз баҳри хонаву дари обод ва фарзандонаш намегузарад. Рустам дар шоҳидии падару модараш бо зансеталоқ қасам хӯрд, ки дигар ба назди ту намеояд. Барои ҳамин маро ба назди ту фиристод, то ки туро аз ҳақиқати ҳол огоҳ кунам. Кӯдакатро таваллуд крада ба ягон сағерахона супор, чунки ба Рустам ин кӯдак тамоман даркор нест. Ана ин духтаре, ки мебинӣ, фарзанди хурдии мо аст, ба ғайр аз ин боз ду духтару ду писари дигар дорем. Зӯри Рустам ба таъмини 5 фарзанди қонунии худаш базӯр мерасад, барои ҳамин боз як дарди сари зиёдатӣ намехоҳад. Мебинам, ки ту ҳло хеле ҷавон ҳастӣ, б кӯдак касе туро ба занӣ намегирад. Беҳтараш ин сағераатро бурда ба ятимхона деҳ ва ягон марди занмурда ё аз ҳамсараш ҷудо шударо ёфта шавҳар куну аз паси зиндагиат шав...
Зан дигар чиҳо гуфт, Нилуфар дар ёд надорад, вақте ки вай ба худ омад, зану духтари шавҳараш аллакай рафта буданд...
Ҷавонзани фиребхӯрда мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт. Чанд бор пай дра пай ба Рустам занг зада бошад ҳам, шавҳараш телефонро набардошт. Бо умедСМС навишта шавҳарашро сари инсоф хонд, вале дар ҷавоб аз рустам СМС омад, ки “талоқатро додам, дигар ба умеди ман нашав!”
Нилуфар бо чашмони ғарқи ашк ба замин дароз кашида, шабро бо гиря саҳар кард...
Як дугонаи тоҷираш фарзанд надошт ва аз Нилуфар хоҳиш карда буд, ки мабодо дараки ягон кӯдаки бесоҳибро ёбад, ҳатман ба вай хабар диҳад. Субҳ Нилуфар ба ҳамон дугонааш занг зада, ҳодисаи ба сараш омадаро нақл кард. Дугонааш, ки зорӣ фарзанд буд, ваъда дод, ки вай худаш тамоми хароҷотҳои таваллудхонаро ба дӯш мегирад ва ба ӯ ҳатто як хнаи якҳуҷрагӣ харида медиҳад, агар кӯдакро таваллуд карда ба ӯ диҳад.
Нилуфар чораи дигар наёфта рзӣ шуд, вале...
Пас азяк ҳафта ӯро дарди зодан гирифт. Дугонааш ба қавлаш вафо карда, Нилуфарро ба таваллудхона бурд ва то дами ба дунё омадани кӯдак як лаҳза ҳам аз ӯ дур нашуд. Нилуфар духтарчаи зебое ба дунё овард. Дугонаи дар ҳасрати фарзанд солҳои дароз сӯхтааш дарҳол кӯдакро ба оғӯш гиирфта бӯсид ва “илтимос, ба кӯдак шир надеҳ, ки меҳр баста дигар аз баҳраш гузашта наметавонӣ. Нилуфарҷон, ман бақавлам вафо мекунам, ҳамин ки аз таваллудхона баромадӣ, хонаи якҳуҷрагиамро ба номат мегузаронам. Фақат шарт ҳамин ки забонхат навишта аз баҳри кӯдакат расман мегузарӣ” гӯён, тифли навзодро ба синааш пахш кард. Тифлаки навзод гӯё чизеро ҳис карда бошад ба гиря сар кард.
Чашмони Нилуфар беихтиёр ғарқи ашк гаштанд ва хоби шаб дидааш ба хотираш расид.Дар хобаш як кӯдаки зебо ба вай себи нимгазидаро дароз карда гуфт, ки очаҷон, ин себро бихӯр, аз биҳишт барои шумо онро чида овардам.
Нилуфарро гӯё барқ зада бошад, якбора парида аз ҷояш хест ва кӯдакро осемасар аз дасти дугонааш кашида гирифту ба синааш пахш ккард ва бо чашмони пуроб гуфт: “Бубашх, вале ман фарзандамро ба ту дода наметавонам. Аз гуруснагӣ мурам ҳам, кӯдакамро бо хонаю пулу мол иваз намекунам. Зарур ояд, гадоӣ мекунам, вале духтарамро ба ягон кас намедиҳам...”
Дугонааш чизе нагуфта баромада рафт.
Нилуфар бо чашмони пуроб духтарчаашро мебӯиду мебӯсид...
Хонандаи азизи сомонаи Оила. ТЧ!
Мақсад аз нақл кардани саргузашти талхи Нилуфар он аст, ки занону духтарон ба роҳи хато рафта, ишқи марди зандорро дар дил ҷо накунанд. Мабдо хато кардед ҳам, фарзандатонро нафурӯшед, зеро тифл дар номардию беаҳдии волидон заррае гуноҳ надорад.
Шаҳлои Наҷмиддин