Sebiston new 2024 october
Макри хушдоману рӯзи сиёҳи келин (Қисми 8)
1894


-Оча,боз тарафи бачаҳотона мегиред-а? Бас будагист охир! Бачаҳои ҳамсинну соли писарони шумо худашон кор карда, бо меҳнати худ як хонаводаро мехӯронанду мепӯшонанд, онҳо бошанд, барои пулу мол шуда, ба назди падаре, ки дар кӯдакӣ моро пеш карда буд, рафтаанд.

Барои як мошин шуда, ба рӯйи тамоми меҳнату заҳмате, ки шумо дар бадали солҳои зиёд барояшон кашидед, туф карданд, шумо бошед боз тарафи онҳоро мегиред...
-Ҷони оча, фарзанд чи хеле, ки набошад, барои модар азиз аст...
-Эҳ модарҷон, модарҷон! Хезед, сари дастархон шинед, ман торт овардам, имрӯз охир зодрӯзатон аст. Бав фикрам аз ғами бачаҳояон ҳатто рӯзи таваллудатонро ҳам фаромӯш кардаед...
хххххххх
Шахбозу Далер аз ҳамон рӯз сар карда ба хона намеомадагӣ шуданд, гӯё модару хоҳар барояшон дигар вуҷуд надошт. Рафтори фарзандон дили Лайлоро хун карда, фишори хунаш қариб ҳар рӯз баланд мешуд. Дилафрӯз аз бад шудани саломатии модараш хавотир шуда, рӯзе кофта-кофта ба хонаи падараш рафт. Дарро ба рӯяш зани падараш кушод.
-Ассалом, ин ҷо хонаи амаки Носир- ми?
-Бале. Ба шумо ки даркор?
-Ба ман бардаронам даркоранд.
-Шумо ба фикрам духтари Носир- а?
-Бале...
-Хуш омадед. Марҳамат дароед.
Дилафрӯз ба ҳавлии қасрмонандипадараш даромада чанд лаҳзаи аввал ҳуш аз сараш парид, вале баъд симои модари меҳнаткаш ва аз зиндагӣ насудааш пеши назараш омада, худро ба даст гирифту бо қошу қавоқи овезон бардаронашро пурсн шуд.
-Шумо ба хона даромада як пиёла чой нӯшед, дар сари дастурхн гап мезанем,-хушгӯӣ кард зани падараш.
-Ман вакт надорам. Илтимос бардаронамро фарёд кунед.
-Онҳо ҳамрҳи падарашон ба бозор рафтанд. Бегоҳ маъракаи ёдбуди хусурамро гузарониданием.
-Модари амаки Носир ҳоло хам зинда ми?-ба падару бибӣ гуфтан забони Дилафрӯз намегашт.
-Оре, зинда аст, аммо бемори бистарӣ. Баъди фишори хунаш баланд шуда, сактаи қалбӣ гирифтан дасту пойҳояшон карахт шуда аз ҷояшон чунбида наметавонанд.
-Сазояш ҳамин,-зери лаб ғурунгид Дилафрӯз, ки дар дил нисбати бибиаш кинаву адоват дошт.
-Биёед, то омадани падаратон бибиатонро хабар гиред.
-Майлаш,-ночор розӣ шуд дилафрӯз, зеро наметавонист бародаронашр надида равад.
Онҳо ба хоначаи бибиаш хобида даромаданд. Кампир дар рӯйи бистари тоза хобида, дам ба дам зери лаб ғур-ғуркунон чизе мегуфт. Маълум буд, ки ин кампири ҷанҷолӣ пиру бистарӣ гашта бошад ҳам, ҳанӯз аз айбҷӯиву хӯрдагирӣ намондааст. Вай норозиёна худ ба худ ғурбат карда, келинашро дуои бад мекард.
“Беҳуда мардум намегуфтаанд, ки одати бад бо шир даромада бо ҷон мебарояд. Ин кампири манҷалақӣ ҳам то ҳол аз бадиаш намондааст. Дар вақташ вай очаи маро бо туҳмат сиёҳбахт карда, писарашро зани дигар дод, вале аз афташ бо ин келинаш ҳам соз нагирифта, бо ғурбат ҷони ӯро ба лабаш меорад. Дар рӯйи бистари беморӣ ҳам келинашро дуои бад карда истдааст-э. Гандапир нашуда мурда равие” аз дил гузаронд Дилафрӯз, вале базӯр худро ба даст гиирфта, салом дод.
-Келин, ин кӣ?-Сар то пойи ӯро аз назар гузаронида истода пурсид кампир аз келинаш.
-Ин духтари зебо набераатон Дилафрӯз. Духтари Носирҷон.
-Эҳа писаронаш пайдо шуда омаданд, акнун духтараш ҳам омадааст! Ҳушёр шав келин, ки боз очашон наояд, вагарна шавҳаратро аз даст медиҳӣ. Фахмиди?
-Ин хел нагӯед! Модари ман ғурур дорад ва аз рангу рӯйми писари шумо безор аст! Вай ҳеҷ гоҳ мардеро, ки ӯро бо сефарзанди хурдслаш аз дар берун карда буд, намебахшад,-якбора аз алам кафида дод зад Дилафрӯз.
-вақте ки мдари ту аз писари ман ҷудо шуд, пулдор набуд. Ҳозир Носир як марди бо обрӯ, соҳиби пулу моли бисёр ва вазифаю мансаб шудааст. Акнун вай ба ҳама даркор аст. Ана, бародаронат боигарии ӯро дида, давида-давида омаданд-ку, модарат ҳам меояд, агар як ишорат аз ҷониби Носирҷон шавад...
-Эй шумо дар ҳақиқат одам набудаед! Шуд, ман рафтам, набошад ҳозир ҳардуямон чунон ҷанҷли схат мешавем, ки ногуфтанӣ...
Дилафрӯз бо ғазаб аз ҳуҷраи кампир берун шуда, ҷониби дарвоза равон шуд, вале ҳамин дам дарвоза кушда шуда, мошини бадвоҳиме вориди ҳавлӣ гашт ва аз он як марди миёнасолу бародаронаш дар даст халтаҳои бисёри пурбор фаромаданд.

Носир духтарашро аз нигоҳи аввал шинохта, хост ӯро бо меҳр ба ғӯш бигирад, вале Дилафрӯз танҳо сардаакаксалом доду рӯяшро гардонда гуфт:
-Очаам касал аст. Ҳардуятон ақлатонро ба сар бигиред ва ҷилу ҷайданатонро зуд ғундоред. Ба хона меравем.
-Ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба сари ман фармонфармоӣ мекунӣ?! Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам,-ҷавоб дод Шаҳбоз.
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД