Далер, бародарашро дар хобгох наёфта, ба телефони мобилиаш занг зад:
-Ака, салом! Дар куҷоӣ? Туро кофта омадам, аммо дар хобгоҳ гуфтанд, ки кайҳо боз дар ин чо зиндагӣ намекунӣ.
-Рост аст. Ман акнун бойбача. Биё, ман барои ту як туҳфаи фаромушнопазир дорам.
Онҳо дар чойи гуфтагии Шахбоз вохурданду Шахбоз уро ба хонаи падар бурд. Аммо то ба хонаи падар расидан дар ин бора ба Далер чизе нагуфт. Ваќте , ки падар ашки чашмонашро пок карда Далерро огуш кашид, хис кард, ки ин мард падараш аст. У хам он шаб дар хонаи падар монд.
Акнун харду писараш доимо дар хонаи падар буданд, вале кушиш мекарданд, ки ин сирро пинхон доранд, зеро медонистанд, ки агар модарашон шунавад, ки онхо кофта-кофта падари аслиашонро ёфтаанд, ранчур мешаваду харгиз онхоро намебахшад. Барои хамин маслихат карданд, ки ин асрор пушида монад, хубтар аст.
Духтари Лайло ки кадрас шуда хеле нозанину боакл гашта буд, дарк кард, ки акаву додараш чизеро пинхон медоранд. Вакте ки бо хам танхо монданд, зори кард, ки сири махфиашонро кушоянд.
-Гуш кунед шумо чи сирри махфи доред, ки доимо аз ману очаам пинхон карда мегардед?
-Ягон чи, ту ба мо кордор нашав-суяш дод зад бародараш.
Дилафруз хайрон шуд, ки ба акањои мехрубонаш чи шуда бошад? Вале дар ин бора ба модараш чизе нагуфт.
Рузе Носир ба писари калонӣ мошини хоричии муди охирро ки нархаш 40 000 доллари амрикои буд, харида доду хангоми калиди мошинро додан чунин шарташ гузошт: -Шахбоз писарам, ман бо як шарт ба ту ин мошинро харидам, ки ту якумр бо ман бимониву тичорати маро ба даст гирифта мансаби калон гири. Бидон ки дар ин дунё пул нихоят мухим аст ва бе пул сухане асар адорад. Ин мошини гаронбахо ба ту ош шавад, аммо бо як шарт?
-Чи шарт, падарчон?
-Ту аз модарат даст мекаши ботамом. Ба у руирост мегуи, ки ман пеши падарам рафтам. Чи гуфти?
-Гап нест падар.
Шахбоз барои мошину сарвати падар шуда аз бахри зане гузаштани буд, ки барои фарзандон шуда шавхар накарда онхоро газида-газида бо хуни чигар калон кард. Орзу мекард, ки харсеяш хонда сохибмаълумот шаванд. Аммо Шахбозу Далер ба кадри модари азизашон нарасида сарвати падарро аз мехнатхои кашидаи у боло донистанд. Шахбоз рузи зодрузи модар омада либосхояшро чамъ кардан гирифт. Лайло аз ин рафтори писар хайрон пурсид:
-Писарчон, ба куљо мерави?
-Модар, ман ба назди падарам меравам.
-Чи? Ту набояд дар ин хона номи он мардеро ки 21 сол пештар маро бо се кудаки кучак аз дар бароварда ба куча партофта буд, бигири, мефахми? У барои шумо падар нест..-гирякунон дод зад Лайло
-Оча, ин кадар дод назан, ин зиндагии кашоккона бо ту ба дилам зад. Пеши рохамро нагир.
-Э ношукр, охир ман шумоёнро бо чи кадар машаккатхо калон кардам. Бо умеди оне ки дар пири дастнигарам мешавед. Саодати холаатро фикр намекуни, ки моро аз куча гирифта дар хонааш чой дод. У бо умед аст, ки ту духтари уро ба зани мегири.
-Модар, чихо гуфта истодаед? Ман ин камбагалдухтарро харгиз ба зани намегирам. Чи мисли ман фарзандонам дар камбагали ба воя расанд. Не, харгиз, рав аз пеши рохам, модар, хохиш мекунам-Шахбоз модарро ки худро сипар карда пеши рохи писарро гирифта меистод, як тела доду гузашта рафт.
Лайло аз паси писар давида аз дастонаш дошта зори кард:
-Шахбози оча, бачаи калони оча, маро бо додараку хохаракат партофта кучо мерави?
-Оча, Далер хам падарамро дид. Ба наздики Дилафруз хам ба назди мо меояд. Ту тани танхо мемони дар ин камбагали. Агар дар вакташ падарамро чодугари карда ба хонаи фолбин намерафти, ин вакт хамаамон хушбахт будем.
(Идома дорад)