-Канӣ даро ба хона-дасти ӯро сахт фишурду ба оғушаш гирифт падар ва ба даруни хонаҳои калону пурҷиҳозу бохашаммат даъват кард Носир.
Шаҳбоз ба даруни ҳуҷраи қолинҳои эрони густурда ва қандилҳои ялаққосси овехта даромаду гумон кард, ки ба ягон қасри шоҳона по фитодааст. Ин кадар мебелҳои хориҷиву колинҳои пурнакши ҷопониву эрониро Шаҳбоз дар хаёташ нахустин бор медид.
-Наход ин хонаи падари асосии ман бошад? Замоне ин хонаҳоро дида намешуд.-ба ёдаш омад, ки он вактхо деволи пастаки хоки буду халос.
-Падарам ягон вазифаи калон дорад чи..
-Хуш омади писарам. Кани биё як бори дигар хамчун падару писар якдигарро ба огуш кашем.Вакте ки шуморо пеш кардам, пушаймон шудам ки чаро кудаконамро аз Лайло нагирифтам. Аммо тамоми хешон гуфта буданд, ки писаронат калон шаванд, худашон падарашонро кофта меёбанд. Рост будааст. Шукри худо. Бори дигар ба хонаи худат хуш омади, писарам.
Шаҳбоз худро ба огуши падар партофту лахзае гирист мисли кудак.
-Ой ин худаш чи гап? О ту мард ку. Кани бас кун. Агар дар ваќташ модари чодугарат маро чоду карда дар ба дари фолбинхо намегашт, ин ваќт мову шумо якчо будем. Хамааш айби модарат. Лайло то хозир ба шавҳар набаромадааст?
-Не, падар..
Аз дами дар дар даст табаќи калони магзу мавизу бодому писта зани падараш Лутфия ворид гардида боодобона ба онҳо салом дод.
-Лутфиячон як бори дигар шинос шав, ин писарам Шаҳбоз.
-Хеле монанд, хуш омади Шаҳбозљон.Ман дар дами дар уро аллакай аз чашмони хумориаш шинохтам, ки писари шумо аст.
-Рахмати калон- у аз дил гузаронид, ки агар дар вакташ модараш беакли намекард, ин лахза модараш аз дами дар медаромад. Зиндагиашон хам дигар хел буд. Шаҳбоз то хануз намедонист, ки модараш тамоман гунохе надорад. Модари фариштахислаташро бибиаш ки хеле одами берахму бадкахр буд, ба гирдоби тухмат галтонида онҳоро аз хам чудо кардааст. Бибиаш кайхо боз ба бемории фалач гирифтор дар хонаи дигар ночунбон мехобид. Хатто гап зада наметавонист. Гуё Худованд уро барои аъмоли бадаш љазо дода буд. Ин зани маккор барои он ки келинашро пеши чашмони писараш бад кунад, ба хама кор кодир буд. Чандин бор келинашро тухмат карда зану шавҳарро бо хам чанг андохта буд. Аммо хамааш бефоида буд, Лайлову Носир боз бо хам ширу асал гашта якдигарро сахт дуст медоштанд. Окибат бо маслињати як дугонааш Низорамох ба даруни куртахои писараш тумор баста дар чойи хобаш низ хар хел риштаву пашми сагро монда тавре ба писараш хабар кашид, ки гуё Лайло ба хонаи фолбинхо рафта уро чоду мекардааст. Барои хамин корхои писараш нобарор шуда доимо бепул аст. Носир ки ба чунин гапхо ихлос дошт, ба гапи модар бовар карда хатто аз занаш чизеро напурсида уро бо се фарзанди кучак аз дар берун карда буду то хозир насанчида буд, ки то чи андоза гапи модараш рост буд ё не. У баръакс ба Лутфияи нозанин сахт ошиқ шуда уро бо тую тамошо ба зани гирифта шукр мекард, ки сари вакт аз Лайло чудо шудааст. Худро бо Лутфия хушбахт эхсос мекард. Аммо муддати 19 соли зиндаги бо Лутфия аз у фарзанд нашуд. Ба куљохое ки даводав накарданд, бефоида. Аз Лутфия аз чи бошад фарзанд намешуд. Чанд бор Лутфия аз шавҳар илтимос кард, ки рафта фарзандони зани аввалаашро ба хона биёрад, аммо Носир ки богурур будани Лайлоро медонист, гуфт, ки то онҳо калон шуда ба суроги падар наоянд, у намеравад. Инак он соати хушбахти фаро расиду писари калони ба кофтукоби падар омад. Акнун навбати ду фарзанди бокимонда аст. Он шаб Шаҳбоз дар хонаи падар хоб рафт. Дар бистари махмалину хушбу уро зуд хоби ширин бурд.Лайло доимо дар намозхояш аз Худо илтичо мекард, ки фарзандонашро худо имон дихаду уро дар пири хор накунанд. Метарсид, ки баногах фарзандони бо азобу машаккат калон кардааш уро фаромуш карда аз паси падари давлатмандаш бираванд. Аз хамин чиз сахт мехаросид Лайло. Чунки чунин ходисахоро дар хаёт бисёр мушохида карда буд ў. Аммо бехабар буд, ки писари калони хобгох гуён дар хонаи падар маскан гирифтааст. Рафтори Шаҳбоз вактхои охир тамоман тайѓир ёфта ба модар умуман занг намезад, ахволи уро намепурсид. Лайло аз писари хӯрдиаш пурсид, ки ба акаат чи шудааст. Рав ба хобгохашон як хабараш гир.Писари хӯрди Далер ба назди акааш рафт.
Давом дорад