Sebiston new 2024 october
МАКРИ ХУШДОМАНУ РӮЗИ СИЁҲИ КЕЛИН ҚИСМИ 4
18.06.2022
ОИЛА
3243

Акнун Лайло бо Ҳабиб тез-тез вомехӯрданду байни онҳо муҳаббат пайдо гардид. Лайло мисли гул мешукуфт, хар гох ки Ҳабибро бинад. Аммо Ҳабиб хамсаре дошт, ки забонаш мисли ханҷар тез буду дар ҷоҳилӣ хамто надошт. Вакте, ки ба гӯши хамсари Ҳабиб расид, ки шавҳараш маъшуқаи ҷавону зебо дорад, аз рашк мисли саги девона гардида роҳи ошхонаи шавҳарашро пеш гирифт. Лайло ин дам машғули кор буд. Зани Ҳабиб ба даруни ошхона даромада бо садои баланд номи Лайлоро гирифта дод зад:
-Лайло кӣ аст дар ин чо?
-Манам Лайло
-Кани ин чо биё, беваи мардакбоз. Аз бешавҳарӣ шавҳари маро таги чашм карди?
-Чиҳо мегӯед? Шавҳари шумо кӣ аст? –дод зад Лайло
-Магар Ҳабибҷонро намедони? Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаи. Мисли ту занхо дар хаёти шавҳари ман хеле зиёд буданд. Аммо шавҳарам муддате бо онҳо ошиқӣ мекунаду халос. Боумед нашав, ки туро никоҳ карда мегирад. Аввалину охирин бор огоҳат мекунам ,ки бо шавҳарам гап назан, вагарна шармандаат мекунам.
-Безорам аз шавҳарат.
Хамин вақт Ҳабиб саросема аз дар даромаду аз дастони ҳамсараш кашолакунон уро аз ошхона баровард. Аммо ачибаш ин буд, ки Ҳабиб дар назди занаш мисли барги бед меларзид.Зорияш мекард, ки илтимос , маро шарманда накун, чонакам.Чунин гапзании Ҳабиб Лайлоро хайрон кард.Хис кард, ки ин мард дар пеши занаш кадре надораду суханаш хам дар пеши занаш бекурб аст.Бегохи дар чойи хамешагиашон вохӯрданд. Лайло бо кахр гуфт:
-Ҳабиб хунари дуст доштан надори. Ман дигар туро дидан намехохам.Ман якумр маъшукаи ту будан намехохам Мехохам, ки бо ту зиндагии халол дошта бошам. Мард боши, маро никох кун.
-Наметавонам.
-Пас дар оянда чи ният дори?
-Муносибатхоямон хамон хеле ки буд, хамон хел боки мемонад.
-Не Ҳабиб, ин хел шуданаш мумкин нест. Ман се фарзанд дорам. Инхо чи мегуянд? Бехтараш маро фаромуш кун.
-Не Лайло , ман туро сахт дуст медорам.
-Дустдори ин хел намешавад.
Лайло кушиш мекард, ки бо Ҳабиб дигар рубару нашавад. Да чустучуйи кори дигар шуд. Дар як корхонаи канноди чойи кор ёфт.Ба Ҳабиб чизе нагуфта аз кор рафту ба он корхона ба кор рафт.Шабу руз мехнат карда пул чамъ мекард.Барои соҳибмаълумот кардани фарзандонаш пасандоз захира мекард.Лайло дигар ба марде бовар накарду фикри ба шавҳар баромаданро аз сар дур кард. Писари калониашро ба Донишгохи оли дохил карда аз пайи дохил кардани духтараш ба омузишгохи тибби шуд. Хуллас хар се фарзандонаш донишчу буданд. Дар чойи кораш мехнатдустиву вичдони покашро дида уро мудири цехи канду шоколод таъин карданд.

Лайло кушиш мекард, ки фарзандонаш доимо серу пур бошанд. Шаҳбоз баъди донишчу шудан дигар донишчуёни писарони сарватмандонро дида дар дил гамгин мешуд, ки у дар оилаи камбагал ба воя расидааст. Падараш ахён-ахён ба хотираш меомад. Боре аз модар дар бораи киву чи будани падар пурсон шуд. Сипас ба модар чизе нагуфта ба чустучуйи падар баромад. Нишонии уро кофта-кофта ба махаллаи Себзор омад. Дари хавлиро так-так зад.Зани зебои хушлибосе дами дар сар то пойи уро назорра карда пурсид:
-Шумо ки?
-Ман Шаҳбоз, писари Носир
-Даро, хуш омади-мисле ки уро солхои сол интизор аст зан ба хона даъват намуд.
Шаҳбоз ки чунин пазироиро аз хамсари падараш интизор набуд, якбора дар дилаш сахт хӯрсанд шуд.
-Носирчон, Носирчон.Кани як ба берун бароед, севанчима тиед, писаратон кофтани омадааст.
-Чи?
Носир ба сахни хавли баромаду Шаҳбози кадбаланди хуморичашмро дида дилаш гуё таркид.
Дар дил ин дам мегуфт, ки «худоё, ин кадар умр тез мегузарад. Гуё дирузакак ман Лайлоро бо се фарзандам аз дар бароварда пеш карда будам. Ин Шаҳбозам ин кадар калон шудааст. Нусхаи чавонии худам. Якчанд шиносхо Лайлоро бо фарзандонам дида расонида буданд, ки кудаконат айнан мисли худатанд, бовар накарда будам».


Давом дорад

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД