Лайло фиғон бардошта аз ошёнаи дуввум бо фарзандонаш поён фаромад ва бо чашмони гирён ду нони хушки обаш паридаро пора карда, яктогӣ ба дасти кӯдаконаш дод.
Худаш низ аз саҳар чизе нахӯрда буд, вале ин лаҳзаҳо аз ғаму дарди бисёр ҳатто об аз гулӯяш намегузашт. Ҷавонзан дигар худро дшта натавониста ҳунгосзанон инони гиряро сар дод. Писари калониаш сари Лайлоро сила карда истода, мисли одами калон тасалло дод:
-Очаҷон, гиря накунед, ману Далер мардакем, калон шуда, пуштибонатон мешавем ва шумою хоҳарчаамро хру зор шудан намемонем. Ҳозир зӯрам он намерасад, лекин ваъда медиҳам, ки калон шавем, ҳам тағоям ва ҳам падарамро ҷазо медиҳем...
Лайло аз суханони писараш, ки мисли марди баркамоли бо нангу номус гап мезад, шунида, ба риққат омад ва сари фарзандашро силакунон гуфт:
-Ҷонакои оча, кшкӣ шумо зудтар калн шуда, очаи бе касу кӯятонро соҳибӣ кунед …
Лайло бо се кӯдаки хурдсол дар кӯчаҳои шаҳр сарсону саргардон пиёда гашта фикр мекард,ки ба назди кӣ равад ва шабашро дар куҷо саҳар кунаду аз кӣ мадад ҷӯяд.
Аз шиддати ғаму дарди зиёд ба сараш ҳар хел фикрҳои бад омада, худ ба худ мегуфт: “Мераваму ҳар сеяшро ба дарё андохта, баъд худамро мекушам.Аз чунин зиндагии сагона мурдан беҳтар аст...”
Ғарқи чунин андешаҳои мағшуш вай оҳиста-ҳиста қадам зада ба сҳили дарёи Душанбе омад. Лайло дасту по хӯрда, ба кӯдаконаш мегуфт, ки ҳозир ҳаам якҷоя ба як шаҳри дури дур мераванд ва ҳар фарзандашро дар алоҳидагӣ ба оғӯш гирифта бӯсаборон мекарду дар дил барои амали ваҳшиёнае, ки бо ин се кӯдаки бегуноҳ карданӣ буд, бахшиш пурсида, бо ҷигарбандонаш видоъ мекард. Оби чашмони ин зани аз зиндагӣ наосуда мисли дарёи маҷрогумкарда ба рӯйи рухсораҳояш шорида, бо дили мисли кӯзаи зардоб пуралам хост кӯдаконашро як-як ба дарё андозад, вале ҳамин вақт писари калониаш аз замин чизеро ёфта дод зад:
-Очаҷон, ҳамён ёфтам! Бинед, ин ҳамён айнан мисли ҳамёни падарам будааст.
-Садои писараш риштаи хаёлти зани гирёнро барканд ва бо чашмони ҳайратбор ба ӯ нигариста пурсид:
-Чи?
Писарчааш ҳамёни пур аз пулро ба сӯйи ӯ дароз кард....
Лайло ба чашмонаш бовар намекард, ки писараш ҳамёни пури пулу доллар ёфтааст...
Вай худоро шукр гуфта, ба шумурдани бозёфташ шуруӯъ кард. Маълум шуд, ки дар даруни ҳамён се ҳазор сомонию 500 доллар будааст.
Оби чашмони зан дубора рӯйи рухсораҳояш шрид, вале акнун ин ашкҳо ашки шодӣ буданд. “Худоё, ту нисбати м, бандагонат н қадар меҳрубонӣ, ки дар ҳаттто дар ҳолати вазнинтарин низ ба имдодамон раисда, мушкилотеро, ки ба назар аслан ҳал ношуданӣметобад, дар як мижа задан ҳал мекунӣ. Бо ин ҳамён ту маро натанҳо аз худкушӣ, балки аз доғи нангини фарзандкушӣ низ наҷот додӣ, охир ёфтани ҳамёни пур аз ту як ишорат аз ҷониби туст, ки инсон набояд навмед шавад зеро дар дунё ягон мушкиле нест, ки осон нашавад” мегуфт Лайло худ ба худ ва ҳазорон бор шукри офаридгор мекард...
ххххх
Лайло кӯдаконашро гирифта хурсанду шод ба ошхонаи миллие даромад. Онҳ якҷоя хӯроки шом хӯрданд, баъд Лайло пешхизматро ҷеғ зада пурсид, ки оё сурғаи ягон хонаи ичора медонад ё не? Пешхидмат бо назари шубҳа ба онҳо нигариста пурсид:
-Апаҷон, магар ҷойи рафтан надоред?
-Росташро гӯям, шавҳару хушдоманам маро бо кӯдакнам аз хона пеш карданд,-сар ба зер афканда пичиррос зад Лайло.
Дили пешхизмат ба ҳоли ин зани ҷавон ва фарзандони кӯчак сӯхта гуфт:
-Апа, имшаб дар хонаи ман хоб кунед, фардо субҳ бароятон ягон хонаи ичора меёбем...
(Давом дорад)
Шаҳлои Наҷмиддин