Суханони зани Носир , ки бо фахр ба забон овард: «Ман хушбахтам, ки имруз писари мо Шаҳбозҷон ба ҳаёти нав қадам мегузорад ва умед дорам, ки оянда соябони сари мо хохад шуд», ӯро аз ақл бегона сохт. Гӯё ки Лайло вуҷуд надошт. Барандаи туй ба арусу домод ишора кард, ки ба падару модарон таъзим намоянд. Лайло аз ҷой хеста ба назди писар омад. Аммо Шаҳбоз ба ӯ тамоман аҳамият надода, худро нодида вонамуд кард. Дилафрӯз рафта ба гуши модар гуфт, ки
-Очачон, рафтем, мо ин ҷо бегонаем. Лайло дасти духтарашро гирифта аз тарабхона бо чашмони гирёну дили ранҷуру шикаста баромад.
Ин дам сарояндаи туй месароид:
Ҳурмати Модар бидон эй гулписар,
Медиҳад боғи муроди ту самар
Гар биранҷони ту Модар ё Падар,
Мешави ҳамчун гадое дар ба дар.
Баъди аз тарабхона баромадан Лайло аз Дилафрӯз хоҳиш кард, ки рафта дар хараки назди хиёбони Рӯдакӣ каме нишинанд.
-Дилҷон, дилам дард кард. Биё рафта каме нишинем.
-Майлаш очаҷон. Фақат ки шумо зиқ нашавед, шуд.
-Медонам, охир имрӯз рӯзи хушбахттарини писари ман аст. Аммо афсӯс ки ба қадри модар нарасид писарам. Ку модарам, ки хоки пояшро бибусам. Солҳои зиёд ба тарбияи шумо овора боре сари қабри модари азизам нарафтам. Вақтҳои охир зиёд хобаш мебинам. Дилафруз, агар мабодо бо ман чизе шавад, ту натарс бачам, холаи Саодатро фарёд кун, ӯ ба ту кумак мекунад. Мурдан ҳақ аст.
-Оча ман ҳазор бор ба шумо гуфтам, ки ин хел нагӯед. Худованд умратона дароз кунад.
-Духтари азизам, гумон доштам,ки писаронам бо нангу номусам мешаванд. Вале, баръакс шуд духтари ягона миёни ду писар имрӯз ғамгусору дилбардори ман.
-Очаҷон, ин рӯзҳо мегузаранд. Ана, мебинед, Шаҳбозу Далер аз карда пушаймон ба наздатон бармегарданд.
-Он вақт рӯйи гӯри ман сабза медамад.
-Очаҷон, дилхунам накунед.
-Ҷони оча, маро бодиққат гӯш кун, шояд дигар ман вақт наёбам ки ин суханонро ба ту бигӯям. Дар таги сандуқам ба номи ту ва акаву додарат каме пул пасандоз кардаам. Ҳамонро гиру ба мурдаам сарф намо, аммо аз падарат пул напурс.
-Очаҷони ширинам,бе ту зиндагӣ бароям ҳаром аст.
-Ту духтари бо ақл ин хел гап назан. Ба шахсе ба шавҳар баро, ки ба қудрат бирасад.
-Раҳмат очаҷон.
-Акнун биё хезем. Каме ҳавои тозаи берун асабамро ором сохт. Дилҷон ҳамон занаки дандонтилло магар зани падарат буд?
-Оре, очаҷон, ҳоло ҳам маълум аст, ки падарамро дӯст медорӣ.
-Охир диле ки дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ бад дида наметавонад.
-Оҳ очаҷон ин қадар азоб кашидӣ. Ба ивазаш чӣ дидӣ.
-Ин аз тақдир аст бачам. Ҳеҷ гоҳ нанол. Онҳо гапзанон карда ба хона расиданд.
-Модарҷон, чаро ин тавр нияти бад мекунед.Ҳамааш хуб мешавад. Ман ҳозир як мастобаи бомазза мепазам. Якҷоя мехӯрем. Лайло зери лаб дандон ба дандон монда гиря мекард, то ки овозашро Дилафрӯз нашунавад. Ҷомаи домодиро аз дилаш духтаву зардузӣ карда буд. Рӯзи туйи арусиаш Носир низ чунин чомаи домоди пушида буд. Ин ҷомаро модараш махсус барои шавҳари Лайло бо орзуи зиёд бо дастони муҷизаофараш духта буд. Он вақт таги чодари аруси Лайло нишаста пинхонӣ бо кирраи чашм ба домод нигариста дар дил ҳазорон бор шукр мекард, ки маҳз Носир насиби ӯ шудааст. Охир ҳама духтарони деҳ ошиқи Носир буданд.Ҳоло бошад нишаста гузаштаи дури талхро ба ёд оварда фиғонаш меомад, ки имрӯз фарзандони ҷону ҷигараш ба хотири моли дуняви модар будани ӯро фаромӯш кардаанд. Дар тарабхона бошад базм идома дошт. Касе ҳатто пайхас накард, ки чи хел Дилафрузу модараш баромада рафтанд. Шахбоз саргарми базми висол чизе ба хотираш намеомад. Носир ку бо ҳамроҳи ҳамсараш мерақсиду мерақсид Пеши чашми Лайло рӯзҳои қаҳратуни зимистон падид омаданд, ки убо чучаяконаш даруни ҷогаҳ даромада ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифта бе гармкунак буданашонро наҷот медоданд. Саодат ин холати вазнини онҳоро дида як печкаи гармкунак харида оварда дода буд. Ҳамон рӯз Шаҳбоз ба Саодат хитоб карда омирона гуфта буд:
-Холаҷон, ман калон шавам, ба шумо хазорта печка мехарам. Шумо моро гарм кардед. Аммо холо Шаҳбоз масти пулу масти висол на модарро ба ёд меоварду на некихои Саодатро. Лайло шаби никоҳашро пеши рӯ овард: Носир ба гӯшаш гуфта буд:
-То дами марг ман бо туям. Ту бо ман. Аммо як тӯҳмати ноҷо ҳаёти ӯро якумра сузонид. Лайло ҳис кард, ки хунук мехӯрад. Ҷомаро дар оғушаш гирифта болои кат дароз хобиду курпаи гафсро аз болояш пушид. Аммо дасту пойхояш дарак-дарак меларзиданд. Таъбаш баланд шуд. Аз даҳону биниаш хун фавора зад. Вале садое набаровард, то духтарашро нохинчор насозад. Дарк намуд, ки ба соати вопасини хаёташ расидааст. Як хабби демидролро ба зури фуру бурду дигар дастонаш қувват накарданд. Танаш оҳиста-оҳиста сард шуд.
Поён қисса