Дилафрӯз муддати ду шабонарӯз майна об кард, ки чи тавр пайти муносиб ёфта, дар бораи зангирии Шаҳбоз ба модараш нақл кунад, зеро модар дар тараддуди келин кардани духтари дигаре буд ва мехост пешаз марг орзуву ҳавасҳои дилашро бишканад. Духтари бечора аз он метарсид, ки агар якбора рӯирост ба духтари дигар хонадор шудани бародарашро бигӯяд, фишори хуни модараш баланд шуда, фалокате ба сараш меояд. Мдараш ба дарди бедавое гирифтор ва ба марг маҳкум гашта бошад ҳам, Шаҳбози худпараст охирин орзуи модарро амалӣ кардан нахоста, барои пулу мол шуда, бо ким-кадом духтари дигар, ки аслу насабаш маълум нест, хонадор шуданист ва Дилафрӯз бо ягон роҳ натавонист пеши роҳи ӯро бигирад. Акнун илоҷе карда, инро тавре ба модар гуфтан лозим, ки барояш бисёр сахт нарасад, вале чи хел? Ин саволе буд, ки дилафрӯз ҳеҷ ба он ҷавоби аниқ пайд карда наметавонист...
Рӯзи тӯй наздик мешуд. Дилафрӯз чораи дигар наёфта,шабе гапро аз дур сар карду модарашро сахт ба оғӯш гирифта гуфт: “Очаҷон, ман шуморо бо тамоми ҳастиам дӯст медорам. Ҳамин ҷоне, ки худованд бароям додааст, нисори шумо бод».
Лайло ба риққат омада, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва сари духтарашро силакунон гуфт:
-Ин хел нагӯй духтарҷон! Худо умраката дароз кунад.Ман умрамро дидам, акнун навбати шумост, ки дар ин замона давру даврон ронед. Илоҳо худовнад ҳамеша нагаҳбонатон бошад ва бо тахту бахт шавед.
-Очаҷон, шахсан барои ман на тахт лозим аст, на бахт, шумо дар барам сиҳату саломат бошед, кифя аст.
-Шаҳбозҷону Далерҷона гӯй, ки биёянд, сахт ёдашон кардам,-сари Дилафрӯзро сила карда хоҳиш намуд модараш.
-Очаҷон, ин кадар азобҳоро аз сар гузарондед. Ба инаш ҳам тоқат кунед,-лаб газида гуфт Дилафрӯз.
Лайло ба ташвиш афтода пурсид:
-Духтарам, ту чизеро аз ман пинҳон карда истодаӣ? Росташро гӯй, чи гап шуд? Мабодо бо бародаронат ягон ҳодиса рӯй надода бошад?
-Очаҷон, бачаҳоятон сиҳату саломатанд, лекин Шаҳбоз як духтари ҳамсабақашро дӯст дошта, ошиқи зор шудааст. Барои ҳамин зорӣ кард, ки ман ба шумо асли гапро бигӯям. Аллакай ҳамон духтарро барои Шаҳбоз хостгорӣ ҳам кардаанд. Рӯзи якшанбе тӯй доранд. Шаҳбоз хоҳиш кард, ки ҳардуямон ба тӯяш равем, вале чанд рӯз боз ҳам ҳеҷ ҷуръати дар ин бора ба шумо гуфтан намекардам...
-Ман зиндаву аз фотиҳа шудани писарам то ҳол хабар надоштам?! Писаре, ки бо хуни ҷигар калон кардам, зан гирифтаасту ман инро акнун мешунавам?!
-Модарҷон, илтимос худатонро ба даст гиред. Ҳамааш хуб мешавад, бовар кунед, охир ишқ ба дили писаратон ворид шуда, бо тамоми ҳастӣ оон духтаракро дӯст доштааст...
-Ҳеҷ гап не, Худо аз тӯй диҳад. Ман фақат дуои нек медиҳаму халос,-оҳи сар кашид Лайло.
-Очаҷон, илтимос, ба холаи Саодатам худатон вазъиятро фаҳмонед, ки хафа нашаванд. Занаки хуб аст, намехоҳам дилаш озор ёбад...
-Медонам, аммо ба ҳар ҳол айб шуд.
-Очаҷон, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, фақат дар фикри худатон бошед.
-Майлаш духтарам, ту ҳам барои ман зиқ нашав.
хххххх
Дилафрӯз либоси зеботарини модарашро пӯшонд ва барои акааш тӯҳфаҳи гаронбаҳо харида ҳамрҳ ҷониби тарабхна рҳ пеш гирифтанд. Дар тарабхона баранда аввал суханро ба падару модари арӯс, сипас ба падару модари домод дода, хоҳиш кард, ки волидони келину домод ба саҳна бароянд.
Лайло ба умед буд, ки ӯро барои табрик кардан ба саҳна даъват кардаанд ва дилаш аз шиддати ҳаяҷону изтироб дар қафаси синааш гуп-гуп зада, ширин ширин метапид, аммо ин дам ба саҳна Носир бо зани дуввумаш баромада микрофонро ба даст гирифт. Тарбуз аз бағали Лайло афтида, ранги рӯяш сап-сапед канд. Нафас дар гулӯяш печида, хаёл мекард,ки худи ҳозир нафасаш ба дарун зада, мурда мемонад. Ҳавои тарабхона ба назараш ғализ намуда, дилаш беҳузур мешуд ва сараш мисли гардуни гардон чарх мезад....
(Давом дорад)