Arzon march 2024
Маконе, ки шоҳиди шӯриши Восеъ буд
2281

Қалъаи Мири Балҷувон дар теппае дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Қароргоҳи бек, бо қалъаи хурд дар деҳаи иборат аз 300 ҳавлӣ дар баландии 2720 м аз сатҳи баҳр дар соҳили рости дарёи Қизил-су ё Балҷувондарё, ки дар ҷануб ба Амударё ҳамроҳ мешавад, воқеъ гардидааст.

Ноҳияи Балҷувон аз шаҳри Душанбе 175 км дуртар, аз шаҳри Бохтар 127 км ва аз шаҳри Кӯлоб 69 км дуртар ҷойгир аст. Мувофиқи тавсифи сайёҳони аввали асри ХХ, дар як нимҷазира қалъа ва дар дигараш ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ мавҷуд буданд. Бостоншиносон қалъаро ба охири асри 19 – аввали асри 20 мансуб медонанд.

Тарҳи меъмории қалъа

Қалъа дар деҳа ва ҷамоати Балҷувон ҷойгир буда, аз хишти сурхи пухта сохта шудааст ва аз гунбази калон ва ду гунбази хурд иборат аст. Аз қисми пеши қалъа даромадгоҳе бо дари чӯбини кандакоришуда бо тарҳи арк мавҷуд аст.

Сохтмони қалъа нотамом аст ва аз ду дари кандакории чӯбӣ иборат аст. Дар қафои қалъа зинапояҳо мавҷуданд, ки ба қисми болои гунбазҳои бино мебароянд. Аз болои саҳни ҳавлии қалъа ноҳияи Балҷувон намоён аст. Қалъа дар дохили деҳа ҷойгир буда, дар санглохе аст, ки ҳамчун нимҷазира дар сатҳи баланд (60-70 метр) дар соҳили рости дарёи Сурхоб қомат афрохтааст.

Таърихи Қалъа

Бо вуҷуди он ки ҳозир аз бинои асосии қалъаи Мири Балҷувон харобае беш боқӣ намондааст, пас аз бунёди худ ин қалъа борҳо шоҳиди безабони воқеоти бузурги тағйири ҳокимият ва исёни мардумӣ дар Балҷувон гардидааст. Дар ин қалъа даҳҳо нафар ҳокимон бо номи бекҳо ё мирҳо истиқомат намуда, аз болои мардуми Балҷувон ҳукм меронданд.

Маълумоти асосӣ дар бораи қалъаи Балҷувон аз охири асри 19 – ибтидои асри ХХ сарчашма мегирад. Маҳз дар ҳамин давра намояндагони аморати Бухоро ҳамчун Беки Балҷувон яке паси дигар таъин мегардиданд. Мардуми маҳаллӣ ба сиёсати ғоратгаронаи бекҳо, ки миқдори зиёди андозҳои ғайриқонуниро аз деҳқонони камбағал ҷамъ мекарданд, тоб наоварда, борҳо исён бардоштанд, аммо исён ба зудӣ аз тарафи сарбозони амир, ки ба ёрии бекҳо меомаданд, пахш карда мешуданд. Дар ин давраҳо ҳатто сарбозони дигар вилоятҳо ва бекигарӣ дар қалъаи Мири Балҷувон истода, аз беки Балҷувон дифоъ ме карданд.

Соли 1888 қалъаи Балҷувонро исёнгарони маҳаллӣ, ки бар зидди ҳукмронии аморати Бухоро бархоста буданд, ду маротиба ғасб карданд. Дар таърихи миллӣ ин шӯриш бо номи “Шӯриши Восеъ” маъруф аст, зеро ба шӯришиён як деҳқони далер Абдулвосеъ сарварӣ мекард ва қалъаи стратегии Балҷувонро забт карда, бекро аз он ҷо ронданд. Ба ёрии бекҳо амири Бухоро қувваҳоро аз Ҳисору Кӯлоб ва Дарвоз бо тупҳо фиристод ва шӯришро саркӯб намуд.

Таърихшиносон қайд мекунанд, ки то ин давра 20 ҳоким дар қалъаи Балҷувон иваз шуда буданд ва ҳар яки онҳо ба болои мардуми маҳаллӣ андози гарон меандохтанд. Охирин беки Балҷувон баъди ғалабаи ҳокимияти Советӣ ҳамчун ревкоми ноҳияи Балҷувон таъин шуда буд. Дар солҳои ҳокимияти Советӣ Балҷувон ҳамчун ноҳия рушд намуд.

Роҳҳои сафар ба қалъа

Ба Балҷувон метавон аз роҳи асосии мошингарди Душанбе- Данғара ва Темурмалик cафар намуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ин роҳро бо маблағи зиёд мутобики стандарти байналмилалӣ таҷдид намудааст. Ин роҳи марказӣ хатсайри беҳтарини сафар ба сӯи ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг мебошад.

Роҳи дигаре, ки тавасути он сайёҳон метавонанд ба Балҷувон расанд, аз шаҳри Кӯлоб ба Балҷувону Ховалинг меравад. Сайёҳон, инчунин, метавонад аз Бохтар тавассути Данғара ба Балҷувон сафар кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД