Arzon march 2024
Магар хоҳар модар нест?
1178

Ману Умарҷон якҷо калон шудем ва тарбияи ҳардуямонро хоҳари калониамон ба гардан гирифта буд. Гап дар сари он, ки модари ман дар 12-рӯзагиам вафот карда будааст ва хоҳари калониамон Румайзо он замон 17-сола будааст, ки нагузоштааст маро падарам ба сағирхона диҳад.

Худи падарам пас аз як муддат, зани дигар гирифта аз мо дур шуда будааст ва ман танҳо баъд аз калон шуданам ӯро шинохтам.

Ҳамин тавр, Румайзо ман ва писарчаеро, ки баъди ба шавҳар баромадан худаш тавааллуд карда буд, калон кард. Шавҳараш, ки марди худотарс ва имону виҷдондор буд, ба ин монеъ нашуд, баръакс, ҳар замон таъкид мекард, ки “сари ятиму сағирро сила кардан савоби калон дорад”.

Апаам маро аз фарзанди худаш ҳам зиёдтар дӯст медошт ва ҳар замон “модараки ман” гӯён, навозиши аҷибе мекард. Баъди калонтар шудан, аз дигарон фаҳмидам, ки симои ман ба модари раҳматиам сахт монанд будааст ва барои ҳамин Румайзо маро “модаракам” мегуфтааст.

Рӯзе, ки ман мактаби миёнаро хатм мекардам, апаамро мисли дигар ҳамсинфонам ба мактаб, ба “Занги охирин” даъват кардам. (Он вақтҳо ин кор иҷозат буд). Румайзо дар вақти линейкаи охирин дар сафи дигар падару модарон меистод. Ман беихтиёр ҳар замон ба сӯйи ӯ чашм меандохтам, ки ӯ оё муваффақиятҳои маро аз забони директори мактаб шунида истодааст ё не? Зеро ман яке аз хонандагони пешқадами мактаб будам ва дар бисёр олимпиадаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда будам.

Директор ҳар як ширкати маро дар олимпиадаҳо алоҳида гуфта истода, ҳар замон изҳор мекард: “Раҳмат ба падару модари чунин хонандагон”...

Дар линейкаи умумимактабӣ ҳамчунин хонандагони дигар синфҳо, аз ҷумла синфи Умарҷон (ӯ дар синфи 9 мехонд) ҳузур доштанд. Вақте директор бори дигар маро таъриф карду “раҳмат ба волидонаш” гуфт, аз қатори синфи 9 овозе баромад, ки мегуфт: “Ҳумайро модар надорад, ӯро апааш калон кард...”.

Ҳама ба он тараф рӯй оварданд ва Умарҷон такрор кард:

- Муаллим, худатон медонед, ки апаи ман модар надорад, барои ҳамин ба волидони ӯ не, ба апааш - модари ман ташаккур бояд гуфт...

Ҳама Умарҷонро дар мактаб чун бачаи шармгину камгап мешинохтанд ва касе ҳам умед надошт, ки ӯ чунин ҷуръат пайдо мекунад.

Устоди мо аз ин суханони Умарҷон ҳайрон нашуда, ба сафе, ки ӯ онҷо буд, наздик шуда, гуфтанд:

- Дуруст мегӯйӣ, писарам, аммо ман волидон гуфта, танҳо падару модарро не, балки ҳамаи онҳоеро дар назар дорам, ки дар тарбияи шумоён саҳм доранд. Худат гӯй, магар модари ту, ки хоҳари худро калон кардааст, ба ӯ модар намешавад?! Албатта мешавад ва раҳмат ба чунин модар!

Ҳоло ман намедонам, ки аз ин кори додарам (ва ҷиянам) Умарҷон хафа шавам ва ё хурсанд?

Ҳумайро САФАРЗОДА, вилояти Иркутск

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД