Вақте хушдоманам ба хонаи мо хостгорӣ омад, гуфта буд, ки писари хурдӣ ва кенҷагиашро хонадор мекунад. Ҳамзамон қайд карда буд, ки фарзандони дигарашро хонадор кардааст ва ҳама аз пайи зиндагии худ ҳастанду дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ мекунанд. Яъне, мо ҳамагӣ чор кас-ману шавҳарам ва падару модараш бояд якҷоя зиндагӣ мекардем.
Модарам розӣ шуд ва тӯйи мо барпо гардид. Баъди 20 рӯзи оиладориямон фаҳмидам, ки дар хонаи хушдоманам се духтарашон бо як зани калонсоли гирифтори бемории рӯҳӣ зиндагӣ мекунанд. Се апаи шавҳарам, яке бо ду фарзанд, дигаре бо се фарзанд ва сеюмаш бо панҷ фарзанд бо мо зиндагӣ мекунанд. Зани калонсоле, ки дар боло гуфтам, хоҳари хусурам будааст. Баъдтар маълум шуд, ки ду апаи шавҳарам аз шавҳарҳояшон ҷудо шудаву як апааш, ки 5 фарзанд дорад, шавҳараш вафот карда будааст. Ҳар вақте бемории хоҳари хусурам авҷ мегирад, ҳама чиро дар хона чаппаву роста мекунад, ҳангоми хурӯҷи беморӣ ба назар чунин менамояд, ки чашмони зан аз косахонаи сараш мебароянд. Баъзан ҷониби ман чунон фарёд мезанад, ки аз тарс дир-дир меларзам. Тамоми корҳои хона ба зиммаи ман гузошта шудаанд. Пухтупаз, либосшӯӣ, рӯбучини хона ва нигоҳубини гову молро ман ба ӯҳда дорам. Аз апаҳои шавҳарам ба ман ягон манфиат намерасад, бар замми ин, кӯдаконашон намегузоранд соате ором хоб кунем. Хонаҳои рӯфташударо дар ҷояш ифлос мекунанд, пайваста аз паси онҳо мисли хизматгор медавам. Илова бар ин, ду сол мешавад, ки шавҳарам ба хона намеояд. Ба хусуру хушдоманам нигоҳубини махсус лозим аст. Аз ин гуна зиндагии пурғавғо монда шудаам ва ба хонаи падарам рафтаниам. Охир, ман ҳам одамам, ғулом нестам!
З.