Formula september
МАФОСИЛ АЗ ЧӢ ПАЙДО МЕШАВАД?
29.06.2021
НОДИРА
2142

 

Соли гузашта худ аз худ буғумҳои поям варам карда, сурх шуданд. Чанд муддат аз дарди ҷонкоҳ азият кашидам ва ҳатто аз пойи равон монда, бистарӣ гаштам.

Пас аз даводавию муолиҷаҳои зиёд дубора ба по бархостам ва дарду сурхии буғумҳо гум шуданд. Хурсанд шудам, ки ҷонам аз ин дард халос шуд, вале аз байн як сол нагузашта, беморӣ боз аз худаш дарак дода истодааст. Табибон мегӯянд, ки гиперурекимия дорам, гӯштро камтар истеъмол карда, фавран табобат бигирам, вагарна ҳолам бад мешавад. Мехоҳам донам, ки гиперурекимия чист ва чӣ хатарҳо дорад? Аслан гӯшт хӯрдану нахӯрдан ба ин беморӣ чӣ дахл дорад?

Мастура, н. Темурмалик.

Посух

Хоҳари азиз, Мастурабону! Гап дар он аст, ки гӯшти сурх ва маҳсулоти гӯштӣ аксаран ба зиёдшавии меъёри кислотаи пешоб оварда мерасонад. Бо забони тиббӣ инро гиперурикемия меноманд. Дар натиҷа инсон ба бемории мафосил гирифтор мешавад. Дар асрҳои миёна ба ин беморӣ танҳо одамони сарватманд гирифтор мешуданд, чунки онҳо дар қиёс бо аҳолии табақаи миёнаю камбизоат бештар ғизоҳои гӯштӣ хӯрда, шароби сурх менӯшиданд.

Мафосил бисёр дарди ҷонкоҳ дошта, бо сурхшавии буғумҳо аз худ дарак медиҳад. Одатан дар аввал устухони ангушти калонии пой варам мекунанд. Ин варам метавонад баъди як-ду рӯз нопадид гардад, вале бо гузашти вақт беморӣ аз нав хурӯҷ мекунад ва ба дигар қисмҳои банду буғумҳо паҳн мегардад.

Хатари ин беморӣ дар он аст, ки шамолхӯрии пайвастаи буғумҳо дар якҷоягӣ бо меъёри баланди кислотаи пешоб дар хун ба кори дил таъсир мерасонад. Аксари шахсони гиперурикемия дошта аз фишорбаландӣ азият мекашанд ва рафта-рафта, ба бемории ишшемиявии дил гирифтор гаштанашон аз эҳтимол дур нест.

Одамоне, ки гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро дӯст медоранд ва бе гӯшт зиндагӣ карда наметавонанд, бояд ҳатман меъёри кислотаи пешобро дар хунашон санҷида истанд. Барои ин, ҳадди ақал як маротиба дар як сол барои озмоиши биохимиёвӣ хун супурдан лозим аст. Меъёри кислота баланд бошад, аз хӯрдани ғизоҳои гӯштӣ ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ парҳез намуда, доруҳоеро истеъмол кунед, ки меъёри кислотаи пешобро дар хун коҳиш медиҳанд.

Пешгирии ҳама гуна беморӣ аз табобати он осонтар аст, бинобар ин, саломатиатонро эҳтиёт кунед! Бисёр гӯшт мехӯрда бошед, маҳсулоти гӯштиро дар ғизои худ камтар намуда, бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред, чунки меваю сабзавот сарчашмаи витамин ва минералҳои барои организми инсон судманд мебошанд. Баҳудаю беҳуда дасту поятонро ба оби сард назанед, то ки ба шамолкашии банду буғумҳо гирифтор нашавед. Ба ин тавсияҳои начандон душвор риоя карда, шумо худро аз хатари чандин бемориҳо муҳофизат хоҳед кард.

Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД