formula55
Маҳдудият барои кадом навъи нақлиёт аст?
385

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо, зарур шуморид, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шавад.

Дар ин робита қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023, №355 «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёти куҳна дар истифода қарор доранд, ки манбаи асосии партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво ба шумор мераванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво асосан аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии кӯҳна хориҷ мешавад. Инчунин, аксарияти садамаҳои нақлиётӣ тавассути нақлиёти автомобилии куҳна рӯй дода истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД