Мадина Қурбонзода чӣ тавр Қаҳрамони Осиё шуд?
21.09.2025
Oila.tj
152

Мадина Қурбонзода, ҷудокорбонуи кишвар дар вазни то 52 кг дар даври финалии Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба ҷудо ба намояндаи Ӯзбекистон Нигина Умирзакова пирӯз гардида, сазовори медали тилло ва унвони қаҳрамони Осиё гардид.

Мадина барои роҳ ёфтан ба даври финалӣ дар даври аввал озод буд ва дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Самира Джарова аз Қирғизистон зафар ёфт. Дар даври нимниҳоӣ бошад, ӯ ба намояндаи Ҳиндустон - Чаудхари Дхруви Дахябхай дар сонияҳои аввали зафар ёфт.

Мадина Қурбонзода дар риштаи ҷудо таърихсозӣ карда, аввалин варзишгарбонуи кишвар аст, ки қаҳрамони Осиё гардид.

Мадина бори аввал нест, ки таърихсозӣ мекунад. Ӯ барандаи ҷоизаҳо аз мусобиқаҳои гӯштини Осиёи Марказӣ, сазовори мақоми дуюм дар Чемпионати Тоҷикистон (ноҳияи Данғара), ғолиби мусобиқаи гӯштингирӣ дар рақобат бо писарон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барандаи медали тилло дар мусобиқаи Ҷоми Имрон байни духтарон, дорандаи медали тилло миёни писарон аз Ҷоми Худойназар Боқиев, иштирокчии фаъол ба ҳайси гӯштингир дар мусобиқоти наврӯзӣ, ҷавонтарин варзишгар дар сабқатҳои Гран-Прии Душанбе мебошад.

Мадина зодаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ ном баровард ва мухлисони зиёдеро соҳиб гашт.

Мадина аз хурдӣ бо тамошои рақобатҳои гӯштингирон дар телевизион худро ҳамчун варзишгар тасаввур мекард. Баҳри расидан ба ин ҳадафи худ ҳозир буд аз дилхоҳ мушкилӣ убур намояд. Ҳатто розӣ набудани модар ба варзишгар шудани ӯ низ садди роҳаш нашуд. Ягона нафаре, ки Мадинаро дар ҷодаи интихобнамудааш дастгирӣ намуд, падараш Рустам Қурбонов аст, ки худи Мадина низ инро қайд кардааст.

Дар он замон бародари Мадина ба тамрини гӯштини ҷудо машғул буд. Ӯ ҳамарӯза бо дучарха барои тамрин ба деҳаи ҳамсоя, ки 4-5 км масофа дошт, мерафт. Мадина низ бо иҷозат гирифтан аз падар ҳамроҳи бародар ба тамрин мерафт. Вақте модар аз ин огоҳӣ меёбад, бародари Мадинаро барои ин кор сарзаниш мекунад ва Мадинаро намегузорад, то барои тамрин равад. Бо вуҷуди ин, Мадина пинҳонӣ масофаи 4-5 км-ро пиёда тай намуда, ба толори варзишӣ мерафт, то аз машқ қафо намонад.

Чун дар толори варзишие, ки тамрин мекард, духтарон набуданд, ӯ ҳамеша бо писарон тамрин мекард. Нахустин рақибонаш низ писарон буданд, ки Мадина ба ҳамаашон дастболо мешуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Мадина Қурбонзода чӣ тавр Қаҳрамони Осиё шуд?
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси