Arzon march 2024
Мадина сарояндаҳои маъруфи русро бо ҳам овард
2812

Блогери тоҷики муқими Русия Мадина Басаева ба маҳдудиятҳои карантин дар замони авҷи коронавирус нигоҳ накарда, бо ситораҳои маъруфи эстрадаи рус шабнишинӣ доир кард.

Мадина қоидаҳои карантиниро сарфи назар карда, шабнишинӣ ташкил карду ба он ситораҳои санъати Русияро даъват намуд.

Дар ин шабнашиние, ки ӯ ташкил намудааст, муҳити дискоклуб дида мешавад. Дискотекаро блогер ба муносибати рӯзи барояш бисёр муҳим, яъне аз 10 миллион нафар гузаштани шумораи обначиёнаш дар TikTok барпо намудааст.

Аз наворе, ки Мадина дар саҳифаи инстаграмаш гузоштааст, дида мешавад, ки барои табрики ӯ ҳатто овозхонҳои маъруфи рус Дима Билан ва Клава Кока омадаанд. Дар шабнишинии ӯ, ҳамчунин, блогери дигари тоҷик Саша Москва ҳам иштирок дошт.

Дар видео дида мешавад, ки меҳмонон бе ниқобу дастпӯш ва риояи масофа якдигарро ба оғӯш гирифта, рақс кардаанд.

Бояд гуфт, ки Мадина дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба дунё омада, баъдан ҳамроҳи хонаводааш аввал ба шаҳри Екатеринбург ва дертар ба Маскав кӯчидаанд. Дар аввали шуҳратсозиаш ӯ ба фонаграмма суруд хонда, ҳар гуна видеоҳои ҷолибро дар саҳифаи инстаграмаш нашр мекард. Аммо баъдтар ба TikTok гузашт. Акнун Мадинаро “маликаи TikTok дар Русия” мегӯянду мешиносанд.

Сомонаи “Оила” пештар иттилоъ дода буд, ки Мадина дар клипи сарояндаи рус Егор Крид нақш офарид ва баъди ин ширкатҳои бонуфузи “Coca-Cola” ва “Dolce & Gabbana” бо ӯ шартномаи ҳамкорӣ бастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД