Formula novemver 2024
Чаро тоҷикон аз Мадина Басаева безору «Dolce & Gabbana» харидор?
1992

… Билохира, ӯро ба шаҳри Милани Италия давъат намуданд. Санаи 23-юми феврали соли равон Мадина дар Ҳафтаи мӯди Милан ҳамроҳи дигар моделҳои машҳур коллексияи либосҳои Хонаи мӯди “Dolce & Gabbana”-ро намоиш дода, чеҳра ё худ намояндаи ин ширкати маъруфи ҷаҳонӣ интихоб шудааст…


Чаро мардуми тоҷик аз модели ҷавон Мадина Басаева нафрат доранд? Ин ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти Мадинаро аз шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» бихонед!
Духтарам маро зада-зада, ба пирхона овард
… Худованд ба мо фарзанд надод ва ману шавҳарам тамоми муҳаббатамонро ба фарзанди ӯ бахшидем. Духтарамон Зеборо чун гул парвариш намуда, ба камол расонидем. Гумон кардем, ки дар пирӣ ёвару мададгорамон шуда, умре ману падарашро хор гаштан намегузорад, вале....
Дарди дили пиразани 80-соларо, ки духтархондаш ба хонаи пиронсолон бурдааст, аз шумораи ҷадиди ҳафтавори «Оила» мутолиа намоед!
Фатвои Ҳоҷӣ Мирзо ва 7 талоқи шавҳар
Мо соҳиби 2 фарзанд ҳастем. Дирӯз шавҳарам дар ҳолати мастӣ маро 7 талоқ дод. Ҳушёр шуда, ба гардан намегирад. Домуллои азиз, оё 7 талоқи ӯ равост? Гулчеҳра
Медонед Ҳоҷӣ Мирзо чӣ ҷавоб дод? Ҷавоби ин ва дигар саволҳои диниро, ки ба онҳо Ҳоҷӣ Мирзо посух гуфтааст, аз шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» ҷӯё шавед!
Муҳаббатро намаки шавҳараш зад…
…-Барои занам. Ман чор фарзанд дорам. Аз болои ман боз дар хонаи худам шавҳар кард. Шавҳараш як мазанги аз маҳбас баромада аст, ҳар саҳар бо бачаҳоям чою нон хӯрда, як сомонӣ аз занам гирифта, ба куҷое ғайб зада, боз бегоҳӣ ба хона меояд,-бо дидаи ашколуд посух дод, Насур…
Муҳаббати хиёнаткорро Худо зад, шакли пурраи қиссаро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи «Оила» ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Озодбек Назарбеков вазири фарҳанг шуд
…«Ин қарори дуруст аст. Назарбеков душвориҳои касби моро медонаду даркамон мекунад. Озодбек дар ҳаёт бисёр ҳодисаҳоро аз сар гузаронидааст, ки ин таҷриба ба кораш кӯмак хоҳад кард»,-навиштаанд, расонаҳои Ӯзбекистон аз қавли Шералӣ Ҷӯраев…
Саҳифаи «Ситорарез»-и ҳафтаномаи «Оила»-ро бо беҳтарин хабарҳои олами шоу-бизнес мутолиа кунед!
Шумо хушбахтед ё бадбахт?
Хушбахтиро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад. Яке бо ними нон хушбахт аст, вале ба дигарӣ Худованд зиндагии серу пур ва обрӯю нуфузи зиёд ато намуда бошад ҳам, худро бадбахту танҳо эҳсос менамояд.
Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан, ба саволҳои санҷишнома аз сидқи дил посух диҳед. Барои пайдо намудани санҷишнома шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» аз тамоми дӯконҳои шаҳр пурсон шавед!
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем! Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо кардан два хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД