arzon replenishment
МАДИНА БАСАЕВА МИЛИАРДЕРДУХТАРИ ТОҶИК
2367

 Мадина Басаева (Дина Саева), модел ва блогери 21-солаи руси зодаи Тоҷикистон солона аз шабакаи “TikTok” 4,93 миллион рубл (зиёда аз 650 ҳазор сомонӣ) даромад ба даст меорад. Маҷаллаи “Forbes”-и Русия исми 10 нафарро нашр кардааст, ки солона аз “TikTok” даромади аз ҳама бештарро соҳиб мешаванд.

Дар ҷои аввал Раҳим Абрамов, як ҷавони 22-солаи руси зодаи Ӯзбекистон қарор дорад, ки шумораи обуначиёнаш дар “TikTok” 9,5 миллион нафар мебошад ва соле 10,47 миллион рубл (зиёда аз 1 350 000 сомонӣ) фоида ба даст меорад. Дар ин раддабандӣ Мадина Басаева зинаи дувумро ишғол карда, аввалин бонуи рус мебошад, ки фоидаи бештар мебинад. Мадина 16,4 миллион нафар обуначӣ дорад ва ҳамасола 4,93 миллион рубл фоида мегирад.

Зинаҳои баъдиро Алексей Савкои 23-сола (6,5 млн нафар обуначӣ-4,81 млн рубл даромад), Юлия Гаврилинаи 18-сола (7,2 млн нафар обуначӣ-3,32 млн рубл даромад), Валя Карнавали 18-сола (9,1 млн нафар обуначӣ-3,21 млн рубл даромад), Даня Милохини 18-сола (8,6 млн нафар обуначӣ-2,87 млн рубл даромад), Кирилл ва Артём Верзаковҳои 23-сола (6,9 млн нафар обуначӣ-2,56 млн рубл даромад), Анна Калашники 24-сола (4,7 млн нафар обуначӣ-2 млн рубл даромад), Аня Покрови 20-сола (7,1 млн нафар обуначӣ-1,92 млн рубл даромад) ва Диана Астери 20-сола (6,5 млн нафар обуначӣ-1,44 млн рубл даромад) касб кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД