Мадина Ақназарова, овозхони 23-солаи тоҷик, таронаи навбатиашро дар доираи лоиҳаи ҷадидаш “A tribute to singing legends by Madina Aknazarova” пешниҳод намуд.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо маркази продюсерии “Qiam Entertainment” таҳия мегардад ва Мадина ин навбат суруди овозхони афғон Ҳоҷӣ Сайфоро (1942-1998), ки “Ёри ман” унвон гирифтааст, бозхонӣ намудааст. “A tribute to singing legends” лоиҳае мебошад, ки овозхонҳо дар доираи он сурудҳои мондагори овозхонҳои даврони Шӯравӣ ва зиндаёдро бозхонӣ мекунанд. Таронаи “Ёри ман”-ро то имрӯз дар саҳифаи “Qiam Entertainment” дар шабакаи YouTube зиёда аз 210 ҳазор нафар аз назар гузаронидаанд.