goodwell
Маблағи боҷи гумрукӣ барои воридоти кондитсионер ва люстра зиёд мешавад
71

Маблағи боҷи давлатӣ барои воридоти кондинсионер ва қандилҳо аз 1-уми июли соли равон боло меравад. Ин ба нархи таҷҳизоти сардкунанда ва чароғҳои равшанидиҳанда дар бозори дохилӣ таъсир мерасонад ё не?

Санаи 28-уми апрел Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти сардкунанда ва равшанидиҳанда - кондитсионер, люстра ва дигар таҷҳизоти барқии равшанидиҳанда таҳти №209 қабул шуд. Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур, барои кондинсионерҳои деворӣ, сақфӣ, саноатӣ ва дигар навъҳои дастгоҳҳои сардкунанда бо танзими автоматии ҳарорат меъёри боҷи гумрукӣ аз 5 то 15 евро барои 1 дона боло меравад.

Маблағи боҷи гумрукӣ барои навъҳои гуногуни қандил - люстра ва дигар таҷҳизоти барқии рӯшноидиҳандаи сақфӣ ё деворӣ аз 15 то 30 евро зиёд хоҳад шуд. Ба ин номгӯй навъҳои алоҳидаи чароғҳо барои истифода бо манбаъҳои диодии рӯшноӣ, инчунин маснуот аз пластика, сафол, шиша ва ғайра шомил мешаванд.

Маблағи боҷи гумрукӣ бо евро ҳисоб ва бо асъори миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули эъломияи гумрукии бор ба мақомоти гумрук пардохт карда мешавад.

Болоравии боҷҳои гумрукӣ хароҷоти воридкунандагонро меафзояд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки то кадом андоза ба нархи чунин таҷҳизот дар бозор ва мағозаҳои кишвар таъсир мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД