Аксари занону духтарон орзу мекунанд, ки шавҳари зебо, бо обрӯ, машҳур ва сарватманд дошта бошанд, вале мардуми рус мақоли хубе доранд, ки барои ҳамсари генерал шудан, аз давраи сарбозиаш ба мард хизмат карда, ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан лозим аст. Биёед бубинем, ки ба мардҳои машҳур чи гуна зан писанд аст ва кадом хислатҳои бонувонро меписанданду кадом рафтори зан ҳисси нафратро дар дилашон бедор мекунад. Қаҳрамони аввалини ин рубрикаи мо яке аз ҷавонмардони хушқаду қомат ва номдори тоҷик, Директори театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ Лутфуллои Давлат мебошад.
-Аксари мардони машҳур дар зиндагии оилавӣ хушбахт н естанд ва тез-тез ҳамсафари зиндагиашонро иваз карда, дағал ҳам шавад ба занҷаллобию булҳавасӣ ном мебароранд, аммо шумо тавонистед оилаи худро то кунун ободу мустаҳкам нигоҳ доред. Махфӣ набошад, сирри хушбахтии оилавиатонро мегуфтед?
-Агар ҷавонмардона, росташро гӯям, дар пойдор мондани оилаи мо саҳми ҳамсарам бештар аст. Маҳз бо шарофати пуртоқатии модари фарзандонам мо тавонистем тамоми санҷишҳои қисматро пушти сар намуда, оилаамонро то имрӯз пойдор нигоҳ дорем.
-Шумо як ҷавонмарди хушқаду қомат, ба қавле хушқавора ва бар замми ин машҳур ҳастед. Табиист, ки дар атрофи чунин мардон хонумҳои зиёде чарх мезананд. Ягна рашк намекунанд?
--Аввалҳо рашк мебурд ва баъзан қаҳр мекард, ҳоло не.
-Росташро гӯед, маъшуқабозӣ мекардед?
-Аз ҷавонон покдоманӣ тамаъ кардан хатост,
Дар баҳорон обҳо дар ҷӯйборон соф нест.
Ҷавонӣ ба мнанди баҳор аст. Пур аз ҷӯшу хурӯш, пурғавғо ва зудгузар. Кӣ дар ҷавонӣ хатову гуноҳ намекунад?! Поку бе айбу гуноҳ танҳо офаридгор аст, мо, бандагони худо ҳама ягон гуноҳ дорем...
-Зеботарин ҳунарпешаҳои тоҷик дар саҳна нақши ҳамсари шуморо бозидаанд, дар байни мухлисонатон низ аз мардон дида, хонумҳо бештар будагистанд. Мегуфтед, ки дар зан чиро меписандед ва кадом хислатҳои зан ба шумо хуш намеоянд?
-Чизе, ки ман ҳамчун як марди тоҷик аз ҳама бештар дар ҷинси латиф-зан меписандам, шарму ҳаё ва ақлу фаросат аст. Зан дар кадом вазифае, ки кор накунад, дар кадом зинае, ки набошад, зан буданашро бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад. Муттаасифона, баъзе занҳо ҳамин, ки коргару пулёб шуданд, мағруру худписанду ҳавобаланд мешаванд ва ”ман аз шавҳарам зиёдтар маош мегирам ё даромадам бештар аст” гуфта, дигар падари фарзандонашонро ба як пули пучак намегиранд, писанд намекунанд. Албатта оқибати чунин такаббур ва худхоҳии зан хонавайронӣ аст. Таҷрибаи рӯзгор исбот кардааст, зане, ки дар оила худро аз мард боло мегирад, оқибат танҳо мемонад, бадбахт мешавад ва фарзандонаш бо айби модар зиндаятим мегарданд, зеро марди асил ҳеҷ гоҳ занеро, ки шаъну шарафи мардии ӯро паст мезанад ва эҳтиромашро ба ҷо намеорад, дӯст дошта наметавонад. Зан бахти оилавӣ мехоста бошад, бояд эҳтироми шавҳар ва пайвандонашро ба ҷо биёрад ва хушмуомила, нармдилу нармгуфтору меҳрубон бошад.
-Ҳамсаратон ин хислатҳоро дорад?
-Зани ман зан не, фаришта аст! Як олиҳаи биҳиштӣ аст.
-Ин олиҳаро кӣ бароятон пайдо кард?
-Мо бо дӯстдорӣ, бо ишқу муҳаббат оила барпо карда будем ва шукри худованд то ба имрӯз зиндагии тинҷу осуда дорем. Дасти ҳамдигарро дар зиндагӣ маҳкам дошта, панҷ фарзанди хубро тарбия кардем ва ба воя расондем. Духтарҳоро бо обрӯ ба шавҳар додем, шукронаи офаридгор имрӯз соҳиби хонаву дари ободанд. Писаронам соҳиби маълумоти олӣ буда, ба қадри тавоноии худ ба халқу Ватан хизмат мекунанд. Ба фикрам хушбахтӣ аз ин зиёд намешавад!
-Ҳамеша чунин хушбахт ва хушрӯзгор бошед!
Р/S
Сӯҳбати мо бо Лутфуллои Давлат пештар сурат гирифта буд ва то кунун дар бойгонии банда маҳфуз буд. Мутаассифона, вақтҳои охир ҳодисаҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дар кишвари мо зиёд шуда истодаанд. Аз ҳамин хотир андешаҳои ин марди ҳунармандро манзури шумо-муштариёни сомонаи Оила. тч гардондем, то барои ҷавонон сабақ гашта, дар оиладорӣ сабӯр бошанд ва ба қадри зиндагӣ, ба қадри бахт ва ба қадри хонаи обод расида, ҳурмату эҳтироми шавҳар, зан, падару модар ва пайвандни худро ба ҷо оранду пойдевори оилаи худро мустаҳкам гардонанд.