Лотереяи “Грин-корт” барои соли 2027 мавқуф гузошта шуд
127

Қабули дархостҳо барои дарёфти лотереяи машҳури “Грин-корт” барои соли 2027, ки имкони истиқомати доимиро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад, имсол дертар кушода мешавад. Маъмулан бақайдгирӣ дар ҳафтаи аввали моҳи октябри соли 2025 оғоз меёфт, вале он ҳанӯз кушода нашудааст.

Эҳтимол меравад, ки сабаби ба таъхир афтодани бақайдгирӣ бори аввал ҷорӣ гаштани пардохти 1 доллар барои сабти ном мебошад. Мақсад аз пардохти электронӣ, ки моҳи сентябри соли 2025 эътибор пайдо кард, коҳиш додани шумораи дархостҳои қаллобӣ аз ҷониби миёнаравҳо ва қисман пӯшонидани хароҷоти раванди интихоб аст.

Қаблан қабули дархостҳо барои ин лотерея аз аввали моҳи октябр то аввалҳои ноябр давом мекард. Интизор меравад, ки DV-2027 ҳамон муҳлатро пас аз нашри ҷадвали нав дар сомонаи travel.state.gov нигоҳ медорад.

Барномаи Green Card ҳамасола ба шаҳрвадони дигар кишвраҳо то 55 000 раводид барои зиндагӣ дар ИМА медиҳад. Ғолибон ба таври тасодуфӣ интихоб карда мешаванд. Пас аз интихоб барандагони ин лотерея аз мусоҳиба гузашта, ҳақи раводидро мепардозанд ва ҳуҷҷатҳои тиббиро пешниҳод менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД