Formula novemver 2024
Лола Азизова дар Рӯзи артиши миллӣ 60-солагиашро ҷашн мегирад
23.02.2024
ОИЛА
621

Имрӯз дар хонадони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизова ид болои ид аст. Дар баробари ҷашн гирифтани рӯзи Артиши миллӣ 23-феврал аҳли ин хонавода зодрӯзи зани лоларӯй ва модари меҳрубону ғамхори худ Лола Азизро ҷашн мегиранд. Ин зани мардонадил дар рӯзи иди мардон ба дунё омада, ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар ҷодаи санъат ба мисли мард устувор аст.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизоваро бо ҷашни камолот сидқан муборакбод гуфта, ба ин зани фариштарӯю фариштахӯй ва мардонадил, ки бо суруду таронаҳои дилошубаш санъати тоҷикро рушду нумӯъ бахшида, ба халқу Ватан солҳои тӯлонӣ содиқона хизмат кардааст, тани сиҳат, умри дароз ва комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно менамоянд. Ҳамчун рамзи эҳтиром ба Лола Азизова ва санъаташ мо шакли фишурдаи меҳрномаи ҳамсари Лола-Азизова Шаҳобиддини Ҳақназар ва Сино Холиқро манзури хонандагони азизи хеш мегардонем.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизова аз зумраи маҳбубтарин сарояндагони соҳибмактаб аст, ки бо суруду таронаҳои руҳпарвару дилангези худ, дар дилу дидаи пиру барно маъво гирифтааст. Садои гуворою марғуладори ӯ мулки дилу олами фитрати дӯстдорони созу навои асилро тасхир менамояд. Тавре ки шоири ширинкаломи тоҷик Камол Насрулло гуфтааст:

Дар саҳна тамизтар аз ӯ нест,
Як лаҳни лазизтар аз ӯ нест.
Ҳар сол ҳазор лола рӯяд,
Як Лола азизтар аз ӯ нест.

Лола Азизова дар дунёи санъат шахси тасодуфӣ нест, балки ӯ зина ба зина, дар натиҷаи омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои пайваста чун сарояндаи соҳибкасб ба камол расидааст. Ӯ сабку услуби хоси сарояндагии худро дорад.

Рўзе, ки ба саҳни ҳунар омад Лола,
Бо ҷилваю ранги дигар омад Лола.
Будем чу лолаҳо ҳама хуни ҷигар,
Чун марҳами доғи ҷигар омад Лола.

Лола Азизова баъд аз хатми синфи 9 –уми мактаби миёнаи рақами 12-и ба номи С. Айнӣ, ки ин муассисаи таълимӣ дар зодгоҳаш деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, муҳассили Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд мегардад. Ҳангоми таҳсил дар фестивалозмуни «Бӯстон» бо суруди «Зодаи Тоҷикистон» баромад намуда, ғолиби озмуни мазкур гашт ва ба гирифтани унвони пурифтихори «Гули Бӯстон» шарафёб шуд.

Барои ҳамчун сароянда ба камол расидани Лола Азизова қиблагоҳаш – Мақсуд Азизов саҳми арзанда дорад. Мақсуд Азизов гарчанде ки солики олами суруду мусиқӣ набуд ҳам, вале овозхонии устоди санъат Барно Исҳоқоваро хеле дӯст медошт. Ӯ мехост, ки нури чашмонаш аз ин сарояндаи маҳбуб ҳунар омӯзад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Домони эҷодиёт Лола Азизова густурда аст. Ӯ дар суруду таронаҳояш мавзуъҳои муҳаббати пок, садоқати самимӣ нисбат ба волидайн, шинохти манзилати сухан, васфи Ватан, арҷгузорӣ ба фарҳангу суннатҳои ниёгон ва зебоиҳои табиати дилфиреби кишвари азизамонро ситоиш ва тараннум менамояд.

Садои Лола Азизова гӯшнавоз, руҳбахш ва махмалин аст. Гўшро навозиш мекунад, ба инсон руҳ мебахшад ва эҳсоси фараҳу сурурро дар дилу зеҳн тақвият мебахшад.

Лола Азизова ҷаҳонро гашт, оламу одамро дид. Ин бонуи андалебово иштирокчии чандин ҷашнвораҳои ҳунарӣ, рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқу Ғарб буда, дар рушду тарғиби санъати тоҷикон саҳми хоса гузоштааст. Мардуми дигар кишварҳо дар симои Лола Азизова то андозае аз расму ойин ва фарҳанги миллати мо огоҳ шуданд. Пос доштани фарҳангу ойини миллат дар дигар кишварҳо гувоҳ аз хештаншиносиву ватанпарастии сароянда аст.

Фаъолияти Лола Азизова танҳо бо овозхонӣ маҳдуд нест. Ӯ ба тадрис низ, машғул аст ва дар тарбияи насли наврас ва нисбатан ҷавон, ки ба суруду мусиқӣ рағбат доранд, саҳми худро мегузорад.

Беш аз се даҳсола аст, ки ин бонуи ҳунар бо суруду таронаҳои диловези худ хотири ҳаводорони созу наворо шод мегардонад.
Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва масъулини фарҳанг хидматҳояшро қадр намуда, ӯро бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз намуданд.
Дар айни замон Лола Азизова дар авҷи камоли эҷодист. Имрӯз ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагон шодмон аст.

Мо  дар  зиндагӣ ва  фаъолияти ин бонуи ҳунарманд, вориси арзандаи Гесуи Навогару Ситтии Заррин ва Туҳфа Фозиловаю Барнои  Исҳоқова,  Нигинаи Рауфоваю Нуқра Раҳматова барору  комёбиҳоро  таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД