Лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” баррасӣ шуд
14.11.2025
Oila.tj
104

Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентии мазкур бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифоти хизматӣ ба Тоҷикистон омадааст, баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар вохурӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, менеҷери лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” Ҷамшед Каримов иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, ки мақсади ташрифоти гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон - ин гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати раванди амалишавии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД