Formula novemver 2024
ЛӮЛИҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ МАКТАБИ НАВ МЕСОЗАНД
4001

 

Кӯчабоғ-деҳаи зебоманзаре дар даромадгоҳи шаҳри Ҳисор. Аксари сокинони ин деҳаро намояндагони қавми лӯлӣ, ки маъмулан онҳоро ҷӯгиҳо меноманд, ташкил мекунанд.

Лӯлиҳо дар давраи пандемия чи рӯзу рӯзгоре доранд?

Оё онҳо қоидаҳои пешгирӣ аз коронавирусро риоя мекунанд?

Занҳои ҷӯгӣ имрӯз ҳам одати бобоии худро идома дода истодаанд ё..? Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан мо роҳи деҳаи лӯлиёнро пеш гирифтем, то бо зиндагии эшон аз наздик ошно гардем.

Занҳои турба ба китф

Дар даромадгоҳи деҳа бо ду ҷавонзани гандумгуни турба ба китф рӯ ба рӯ мегардем. Халтаҳои дар сари китфашон овезон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар давраи пандемия низ лӯлиён одати бобои худро идома дода истодаанд.

Маъмулан лӯлиён бе иҷозати сардори қабилаашон бо касе сӯҳбат намекунанд. Мо ба ин одати қавми лӯлӣ эҳтиром гузошта аз занҳои нав аз сафар баргашта манзили садри деҳаро пурсон шудем. Яке аз занҳо бо дасташ ба охири кӯча ишора карда истода мегӯяд:

-Рост рафан гиред, хонаи раис дар охири ҳамин кӯча...

Бачаҳои лӯлӣ аз ҷомеа қафо намемонанд

Тахминан 200 метр поёнтар чашмамон ба як гӯрӯҳ лӯлиён афтид, ки сари кадом мавзӯи муҳиме баҳсу мунозира доштанд. Аксарияташон мардон ва бачаҳои ҷавон буданд. Лӯлиёни калонсол кунҷковона ба мо менигаранд, вале лӯлибачаҳо дарҳол моро шинохта, нидо мекунанд:

-Оила. ТҶ! Оила. ТҶ! Инҳо аз Оила. ТҶ. ҳастанд! Мо барномаҳои шуморо ҳамеша дар Ютуб тамошо мекунем. Чанд камбағалро соҳиби хонаву дар кардед. Офаринатон бод!

Дар лабони ҳамкорам табассум пайдо мешавад ва дар бехи гӯшам пичирросзанон мегӯяд: “Ман фикр мекардам, ки лӯлиҳо бесаводанд, вале маълум мешавад, ки бачаҳои ҷӯгӣ аз замона қафо намондаанду аз навигариҳои шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ доранд...”

Мактаб дар масҷид

Мо ба ҷамъомадагон адои эҳтиром намуда, худро шинос мекунем ва мақсадамонро баён менамоем.

-Рафтем, ҳозир калонҳои деҳа ҳама дар мактабанд,-яке аз сокинони деҳа инро гуфта ишора мекунад, ки аз паси ӯ равем.

Ин марди чусту чолоки гандумгун моро ба ҳавлие бурд, ки аз рӯйи гуфти сокинони маҳал масҷиди деҳа будааст. Бо сабаби нарасидани ҷой барои мактаббачаҳо дар мактаб ду ҳуҷраи масҷидро ба синфхона табдил додаанд. Бино хеле фарсуда буда, деворҳояш солҳои сол рӯйи таъмирро надидаанд, вале тамоми омӯзгорону хонандагон ба қоидаҳои пешгирии корнавирус риоя намуда, ниқоб мепӯшанд.

Азбаски муаллимону толибилмон саргарми таълим буданд, онҳоро ташвиш надода, аз роҳбаладамон, ки аксари лӯлиён ӯро “депутат” садо мекарданд, хоҳиш намудем, ки моро ба хонаи сокинони маҳалла барад, то бо зиндагии лӯлиён дар давраи пандемия аз наздик ошно шавем, вале..

Хонаи ман-қалъаи ман!

Ростӣ хеле мехостем меҳмони кулбаи лӯлиён гашта, тарзи зиндагии ин қавмро бо чашмони худ бубинем, аммо лӯлиёни Кӯчабоғ аз рӯйи масали “ Хонаи ман-қалъаи ман” амал намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ бегонаҳоро ба манзилашон роҳ намедодаанд.

Қарор шуд, ки мардуми маҳалла дар мактаби деҳа ҷамъ шуда, бо журналистон сӯҳбат ороянд. Чораи дигар наёфта мо ин шартро қабул кардем ва дар ҳалқаи лӯлибачаҳои кунҷков, ки саволборонамон мекарданд, ҷониби мактаб равон шудем...

Лӯлиҳо дар давраи пандемия мактаби нав месозанд

Бинои мактаби деҳа хеле кӯҳна буда, аз чанд синфхона иборат аст. Айни замон дар ин ҷо 120 нафар мактаббачагон дар синфҳои 1-7 ба омӯзиши илму дониш машғуланд. Азбаски ин бино қудрати ба оғӯши худ гирифтани тамоми толибилмонро надорад, сокинони маҳаллӣ тасмим гирифтанд, ки барои фарзандонашон чанд синфхонаи нави барҳавою замонавӣ бисозанд, вале пандемия монеъи ин нияти хайри лӯлиён гашт.

Ҳисорӣ Ҷумъаев, мудири филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-и шаҳри Ҳисор дар робита ба ин мавзӯъ чунин мегӯяд:

-Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Кӯчабоғ бо ташаббуси худи сокинони маҳал ва шӯъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ҳанӯз моҳи феврали соли равон оғоз ёфта буд. Лӯлиён хеле хуб дарк менамоянд, ки замона дигар шудааст ва имрӯз бе илму дониш зиндагии инсон пеш намеравад, аз ҳамин хотир онҳо бо дасту дили гарм ба кор часпиданд, то барои авлоди худ (лӯлиён фарзанднашонро авлод меноманд) мактаби нав сохта, барои донишандӯзии кӯдакон шароити беҳтареро фароҳам оваранд. Новобаста ба тамоми мушкилиҳое, ки паҳншавии коронавирус дар сар то сари олам, аз ҷумла дар кишвари мо ҳам ба вуҷуд овард, тавонистем дар давраи пандемия чордевори бинои нави мактабро бардорем, вале мардум дигар пул надоранд. Ҳукумати шаҳри Ҳисор ҳамчун кӯмак ба мо 5000 дона хишт додааст, аммо барои харидани дигар масолеҳи сохтмонӣ маблағ надорем. Сохтмони мактаб бо сабаби норасоии иқтисодӣ айни замон мавқуф гузошта шудааст...

Қариб тамоми ҷамъомадагон аз ба таъхир афтодани сохтмони бинои нави мактаб афсӯс мехӯрданд. Лӯлиёни деҳаи Кӯчабоғ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, аз ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони хайрхоҳ хоҳиш доранд, ки дар сохтмони бинои мактаб ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд, то фарзандонашн илму дониш омӯхта, соҳиби касбу кор шаванду дар оянда азоб накашанд...

Бачаҳои лӯлӣ варзишгоҳ мехоҳанд!

Чизе, ки дар Кӯчабоғ пеш аз ҳама ба чашм мехӯрад, хеле зиёд будани шумораи кӯдакон дар кӯча аст. Азбаски ягон майдончаи махсуси бозӣ ва ё машғулияти дигар надоранд, аксари бачаҳо рӯзи дароз дар чангу хок ҷӯлида дар қади кӯча давутоз мекунанд. Орзуи ягонаи ин бачаҳо мисли дигар ҳамсолонашн соҳиби варзишгоҳ шудан аст. “Барои мо стадион созед! Барои мо стадион созед” мегуфтанд бо як овоз кӯдакон.

Қулматов Шӯҳрат, сокини деҳаи Кӯчабоғ дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд:

-Деҳаҳое, ки ҳастанд, ки ҳамагӣ чанд оила он ҷо умр ба сар мебаранд, вале варзишгоҳ доранд. Деҳаи мо зиёда аз 200 хоҷагӣ дошта бошад ҳам, ақаллан як майдончаи хурдакак надорем, ки бачаҳо бо варзиш машғул шаванд. Ин бачаҳо орзу доранд, ки мисли ҳамсолони тоҷикашон футболбозӣ кунанд, бо волейбол ва дигар намудҳои варзиш машғул шаванд. Гоҳо барои шикасти хумрашон ман онҳоро ба варзишгоҳҳои шаҳр мебарам. Бачаҳо дар мусобиқаҳо иштирок намуда, як ҷаҳон лаззат мебаранд. Бисёр мехоҳем, ки дар Кӯчабоғи мо ҳам ақаллан як варзишгоҳи хурдакак (мини-поле) созанд. Варзишгоҳ дар ҳаёти бачаҳо хеле муҳим аст, чунки дар баробари обутоби ҷисмонӣ онҳоро аз беҳудагардӣ ва ҳар хел корҳои нораво дур нигоҳ медорад...

Бекорӣ мушкилоти асосии лӯлиён

Солҳои пешин қавми лӯлӣ ба омӯзиши илму ҳунар тамоман аҳамият намедоданд. Аксари намояндагони ин қавм ҳатто барои кӯдаконашон зоднома намегирифтанд. Ақди никоҳи зану марди лӯлӣ дар бештари ҳолатҳо ба қайд гирифта намешуд ва онҳо танҳо бо хондани хутбаи никоҳ риштаи тақдирашнро бо ҳам мепайвастанд.

Имрӯз масъалаи тахт кардани ҳуҷҷатҳои лӯлиён ва фарзандони онҳо то ҷое ҳалли худро ёфта бошад ҳам, бо сабаби надоштани ягон касбу ҳунар аксари лӯлиён азоби бекорӣ мекашанд.

Қисми зиёди мардони лӯлӣ то баста шудани роҳҳо ба Русия ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, аммо паҳншавии коронавирус ба ҳаёти онҳо низ бе таъсир намонд.

Атоқул, як сокини деҳа дар робита бо ин мавзӯъ мегӯяд:

-Аксари бачаҳои мо ҳар сол барои пеш бурдани зиндагӣ ба Русия рафта меомаданд ва аз ҳамин ҳисоб даромад ба даст меоварданд, вале коронавирус сар шуду роҳҳо баста шуданд. Дар давраи пандемия мо, лӯлиҳо аз як бурда нони даҳонамон мондем. Азбаски ягон касбу ҳунар надоранд, бачаҳои мо маҷбуранд, ки бо хариду фурӯши оҳанпора машғул шаванд. Бо пули худашон оҳанпора мехаранду ба корхонаҳои коркарди оҳан онро бо нархи қиматтар фурӯхта, даромади ночизе ба даст меоранд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем,чунки зиндагии аксари сокинони деҳаи Кӯчабоғ имрӯз аз ҳисоби оҳанпора пеш меравад..

Роҳи беморхона дур аст

Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус табибони маҳаллӣ ҳамарӯза хона ба хона гашта, аз вазъи саломатии лӯлиён хабардор шуда меистанд. Сокинони деҳа аз табибон миннатдор ҳастанд, вале дар деҳаи дигар воқеъ гаштани маркази тиббӣ онҳоро каме нигарон намудааст.

Мирзоев Атоқул, сокини деҳаи Кӯчабоғ дар робита бо ин мавзуъ чунин мегӯяд:

“Бунгоҳи тиббии мо дар деҳаи Афғонобод воқеъ гаштааст. Дар сурати шабу нимашаб бемор шудани ягон азъои оиламон моро лозим меояд, ки беш аз як километр роҳро тай намуда, ба назди табибн равем. Хуб мешуд, ки дар деҳаи худамон ягон бунгоҳи тиббӣ созанд...

Лӯлиҳо ба коронавирус гирифтор намешаванд?

Аз сӯҳбат бо Олимҷон Толибов, мудири бунгоҳи саломатии Кӯчабоғ маълум гашт, ки дар давраи пандемия ягон ҳолати фавти лӯлиён аз КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст ва умуман ягон сокини деҳа ба ин беморӣ мубтало ҳам нагаштааст.

-Албатта буданд ҳолатҳое, ки сокинони деҳа шамол кашида, зӯком ё бронхит мешуданд, аммо ягон нафар ҳатто ба пневмония гирифтор нагаштааст. Бояд қайд кард, ки маргу мир низ имсол дар байни қавми лӯлӣ камтар ба назар мерасад. Соли гузашта дар ҳамин давра беш аз 20 нафар аз олам гузашта буданд, вале имсол ҳамагӣ 13 ҳолати марги сокинони деҳа ба қайд гирифта шудааст,-мегӯяд табиб.

Лӯлиҳо ниқоб намепӯшанд, вале...

Дар Кӯчабоғ ба ғайр аз кӯдакон ва омӯзгорони мактаб мо дигар ягон одами ниқоб пӯшидаро дучор нагаштем. Сокинони деҳа танҳо вақти ба беморхона ё ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ рафтан ниқоб мепӯшанд, аммо ба қавли табибони маҳаллӣ ва омӯзгорони мактаб ҳамаашон дар хона спирту маводҳои антипсептикӣ доранд.

Занҳо чӣ мегӯянд?

   Як гурӯҳ занҳои лӯлӣ дар назди қубури об машғули шустани косаву табақ ва обгирӣ буданд. Вақте аз онҳо дар боби пӯшидани ниқоб ва риояи қоидаҳои пешгирии коронавирус пурсон шудем, бо ҳазлу шӯхӣ гуфтанд: “Коронавирус аз мо мегурезад!”

-Шумо имрӯз ҳам одати бобоии худро ба ҷо меоред?-мепурсам аз занҳои лӯлӣ.

-Аввалҳои тобистон ду-се моҳ нарафтем, ҳоло боз рафта истодаем,-ҷавоб медиҳанд занҳо.

-Шуморо чӣ хел қабул мекунанд? Пандемия аст гуфта дарро ба рӯятон намепӯшанд?-Кунҷковӣ мекунам ман.

-Ҳастанд одамҳое, ки “безор кардед, дар ҳамин вақти коронавирус ҳам дар хонаҳоятон намешинед” гуфта, ғурбат мекунанд, вале дар ҷавоб мегӯем, ки шукри худо мо сиҳату саломат ҳастем ва ягон хатар ба онҳо таҳдид намекунад,-мегӯянд дар ҷавоб занҳои лӯлӣ.

Вақте сирри аз КОВИД дар амон монданашонро пурсон шудем, Наргис, яке аз хонумҳои хеле чаққони лӯлӣ чунин гуфт:

-Мо ҳам мисли шумо аз бозор харид мекунем. Ҳамон чизҳое, ки мардуми тоҷик истеъмол мекунанд, мо ҳам ҳамон маҳсулотҳоро мехӯрем, вале ба фикрам худованд барои камбағалиамон ба мо, лӯлиён раҳм карда, моро аз ин беморӣ дар амон нигоҳ дошта истодааст...

Дуои пиразани лӯлӣ

Бибисоч, пиразани 85-солаи лӯлӣ, ки зиндагии хеле қашоқона ба сар мебарад, аз душвориҳои рӯзгор шиква намуда, мегӯяд:

-Ин коронавирус балои ҷони мо гашт. Пештар бачаҳо ба шаҳрҳои Русия мардикорӣ рафта зиндагиро пеш мебурданд, вале имсол роҳҳо баста шуданд. Аҳволи мани кампир бисёр бад аст, на ҳезум дорам на ангиштсанг. Аз хӯрду хӯрок ҳам танқисӣ кашида истодаам. Зиндагӣ бисёр вазнин гаштаасту дигар фарзандонам наметавонанд ба ман дасти ёрӣ дарз намоянд. Рӯзи худу бачаҳояшонро базӯр пеш мебаранд. Бисёр мехостам, ки дар ин давраи вазнин ба мани куҳансол дасти ёрӣ дароз намоянд...

Кампири Бибисоч дар охири сӯҳбат даст ба дуо бардошта ба мо роҳи сафед хост.

Ҳамин тавр, шом фаро расида оҳиста-оҳиста пардаи торикӣ фаромад. “Шумо ва кулли мардуми оламро офаридгор аз коронавирус ва дигар офатҳо нигаҳбон бошад!” гӯён, мо бо лӯлиёни деҳаи Кӯчабоғ, ки хеле хушчақчақ будаанд, хайрухуш намудем.

Ф. Сатторӣ



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД