Маҳсулоти лозима:
150 грамм гӯшти қимма, 150 грамм нон (хлеб), шир, 100 грамм панири сахт, нони хушки кӯфта, намак, мурч, равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Нонро дар шир тар кунед. Гӯшти қиммаву нони каме ҷабидаро бо намаку мурч омезед. Панирро хурд реза кунед. Аз гӯшти қимма кулчача тунук карда, ба мобайнаш панир гузореду лӯлача созед ва онро дар нони хушки кӯфта ҷӯлонед. Лӯлаҳоро дар равған аз ду тараф дар оташи паст муддати 10 дақиқа сурх кунед.