Лӯлачаҳои вафлигӣ
19.10.2025
Oila.tj
164

Маҳсулоти лозима:

1 тухм, 500 мл об, 30 грамм равғани маска, ним истакон шакар, 2 истакон орд, каме содаву намак, ванилин.

Тарзи таҳия:

Равғани мулоимшудаи маскаро бо шакар лат зада, ба он тухму намаку сода ва ванилин илова карда, хуб лат занед. Ними обро бо орд илова карда, омезиш диҳед. Мунтазам оби боқимондаро илова карда, хамир омода созед. Ба вафлипазак равғани растанӣ молида, аз хамир як қошуқӣ рехта, муддати 60 сония пазед. Вафилиҳоро гармогарм тоб дода, малҳами онро метавонед аз ширқиём омода намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД