Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё: “Истиқлол” марҳилаи гурӯҳиро бо ғалаба ҷамъбаст кард
25.12.2025
Oila.tj
49

Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии охирини марҳилаи гурӯҳии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 анҷом дод.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бозии ниҳоии “Истиқлол” бо бошгоҳи “Гоа”-и Ҳиндустон доир шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ҷавоҳарлал Неру»-и Гоа баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Истиқлол” анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 8-уми бозӣ аз ҷониби Деян Дражич ба фоидаи “Гоа” кушода шуд. Дар дақиқаи 53-юми бозӣ Шон Пол Камолафе ҳисобро баробар намуд. Пас аз 3 дақиқа аз зарбаи пеналтӣ Амирбек Ҷӯрабоев голи ғалабаоварро барои “Истиқлол” ба самар расонид.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Ал-Наср” дар шаҳри Риёз бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 муқобили “Ал-Завраа” пирӯзӣ ба даст овард.

“Истиқлол” дар панҷ бозии анҷомдода дар марҳилаи гурӯҳӣ аз “Ал-Наср” бо ҳисоби 5 бар 0 дар Риёз, аз “Ал-Завраа” бо ҳисоби 2 бар 1 дар Бағдод, аз “Ал-Наср” бо ҳисоби 4 бар 0 дар Риёз мағлуб шуда, ғалабаро бар “Гоа” бо ҳисоби 2 бар 0 ва “Ал-Завраа” бо ҳисоби 2 бар 1 дар Ҳисор ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки пас аз бозиҳои даври охир дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 18 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. “Ал-Завраа” бо 9 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифта, роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуд. “Истиқлол” дар зинаи сеюм бо 9 имтиёз мавқеъ гирифт ва бо натиҷаи таносуби тӯбҳо аз гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ ёфта натавонист. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ мусобиқаро ҷамъбаст намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД