Ман табиатан ҷамъ кардани чизу чораи бисёрро дӯст намедорам. Ягон либоси нав харам, чанд либоси дигарамро ба ятимон ва одамони камбизоат бароварда медиҳам.
Бибиам ҳамеша барои ин корам маро мазаммат карда мегӯянд, ки одам набояд рӯймол ва либоси танашро ба дигарон диҳад.
Модарам ҳам бибиамро ҷонибдорӣ карда, таъкид мекунанд, ки одам либоси танашро ба камбағалон додан гирад, файзу баракат аз зиндагиаш парида, бенаво мешавад. Мехоҳам донам, ки аз назари ислом ин суханон то куҷо ҳақиқат доранд?
Лола аз шаҳри Турсунзода
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз! Гапҳои модар ва бибиатон ягон асоси динӣ надоранд, баръакс додани либос ва маводҳои хӯрока ба шахсони эҳтиёҷманд бисёр кори савоб буда, партофтани чизҳои нолозим аз назари ислом исроф ҳисоб мешавад. Ҳар қадаре, ки ба мардуми камбизоат хайру саховат намоед, ҳамон қадар Худованд ба рӯзгори шумо файзу баракат мебахшад.