Ин либоси мардонаи дар Австралия тайёршуда он қадар беҳамто буд, ки пас аз рӯнамоӣ, ҳамон лаҳза ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шуд. Муаллифони ин костюм аксбардор Памел Климанн - Пасси, агентии Bullfrod ва бренди маъруфи либосҳои мардона POLITIX мебошанд.
Пиҷак ва шими аз мӯйлабҳо омодашуда ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти саломатии мардон аст. Либоси беназире, ки бори нахуст дар намоиши австралиягии The Today Show ба мараз гузошта шуд, на танҳо рекорди ҷаҳониро тағйир дод, балки ҷоизаи тиллоии Spikes Asia-ро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дарёфт намуд.