Arzon march 2024
“Lexus” ба дарёи Элок афтид “Парвоз”-и мошин ҷони як инсоро рабуд
710

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сар задани як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Ваҳдат хабар додааст, ки бар асари он як инсон ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Тавре ки манбаъ менависад, ҳодиса рӯзи 5 –уми декабр дар қисмати роҳи Душанбе-Ваҳдат, ки аз қаламрави ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат мегузарад, рӯй дода, мошини тамғаи «Lexus RX350» аз болои пули дарёи Элок ба зер афтодааст.

Ин садамаи тақдирсӯз бо сабаби аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромадани ронанда сар зада, бар асари ин фоҷиа як муйсафеди 69-сола ба ҳалокат расидааст.

Худи ронандаи 40-соаи мошин ва мусофирони дигараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар робита бо ин ҳодиса ба тамоми ронандагон ва сокинони кишвар ҳушдор додааст, ки бо сабаби оғози сардиҳо ва бориши барфу борон ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ хавфнок хоҳад гашт, бинобар ин, ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД