Зебо ҳеҷ бовар надошт, ки дар рў ба рўяш Комил истодааст, фақат табассуми рўбоҳонааш ва ман Комил гуфтанаш, ўро каме ба худ овард.
Сари пачақаш акнун каммўй, дандонҳояш ҷо-ҷо рехта ва як чашмаш сунъӣ буданд, дили Зебо чуноне, ки партови гандидаи бадбўеро дида бошад, шўрид, ѓаш овард.
Комил бошад, бо ҳамон як чашми сиҳаташ сар то пойи ўро ҳарисона аз назар мегузаронид ва дар ду «мавзеъ» нигоҳаш каме «часпид» пеши бари баланду зебо ва ороишоти гўшу гарданаш. “Ҳоло ҳам дигар нашудааст, нодида”, аз дил гузаронд хонум ва ўро ба ҳуҷраи корияш даъват кард…
Ишқи камбаѓалбача
Зебо дар оилаи марди сарватманде ба дунё омада буд, падараш дар ҷавонӣ аз олам гузашта бошад ҳам, ду бародараш кори падарро давом доданду номбардори ў гаштанд. Модараш дигар шавҳар накарда, ҳастияшро ба тарбияи фарзандонаш бахшид, Зеборо бародаронаш зиёд дўст медоштанду эрка мекарданд. Чун мактабро хатм намуд, ўро аз рўйи хости худаш ба донишгоҳ ба шуъбаи иқтисод дохил карданд. Духтарак мисли номаш бисёр зебо буд, хушдорони зиёде ҳам дошта бошад, ба касе ним нигоҳ намекард. Байни ҳамкурсҳояш низ ҷавонони зебо ва хушхаридор аз пушташ мегаштанд, вале ў бепарво буд. Байни писарони ҳамкурсаш Комил хеле назарногир буд, ў либосҳои кўҳнаяки арзонбаҳо ба бар карда, ҳамеша танҳо мегашт. Зебо як одате дошт, ки ба ҳамин гуна камбаѓалакони баднамуд ошно мешуд, дар мактаби миёна ҳам бо Гулизор ном духтараке дугона буд, ки аз хонаводаи ниҳоят камбаѓал буд. Зебо ҳамеша дар бари Комил менишаст, ҳамроҳаш сўҳбат мекард, ба себаки хубонӣ ё қанди қимматбаҳое мурооташ менамуд. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки чӣ хел ин зебосанам бо Комили пачақи лоѓараки каҷалаи ҷандапўш унс гирифтааст, гумон доштанд, ки бойдухтар аз дилсўзӣ ба ў сўҳбат мекунад, вале оҳиста-оҳиста ин дўстӣ ба ишқ печид. Зебо намехост ишқи онҳо овоза шавад, аз ин рў, бисёр вақт баъди дарсҳо бо Комил вомехўрд. Оҳиста-оҳиста бо ёрдами Зебо сару либоси Комил дигар шуд, безеб ҳам бошад, каме ба одам мубаддал гашт….
Носипос
То курси се Комил пурра аз ҳисоби Зебо мехўрду мепўшиду мегашт, мисли саг вафодораш буд, аммо…
Дар курси чорум Комил баъди дарсҳо дар як идора ба кор оѓоз кард, ки роҳбарии онро зани калонсоле ба ўҳда дошт. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Нодида диду дар эзораш …..», акнун дар забони Комил шабу рўз номи Ҳусноро Ҳасанова давр мезад. Гоҳе ў модархондаш буду гоҳе апахондашу гоҳи дигар намедонист чӣ… Зебо аз дигар гаштани хулқу атвори ошиқи нонгадояш дар ҳайрат бошад ҳам, аз ў бурида наметавонист. Як бегоҳ Комил гуфт, ки зодрўз дорад ва Зеборо ба иҷорахонааш даъват кард, ў дар як хобгоҳ иҷора менишаст. Зебо мисли ҳарвақта самбӯса пухту қандинаву таксӣ киро карда, ба иҷорахонаи Комил рафт. Модару янгаҳояшро фиреб дод, ки як дугонааш зодрўз дорад, модар ба духтараш боварӣ дошт ва розӣ шуд. Комил ширакайф буду Зеборо бо бўсаву канор пешвоз гирифт, рўйи мизаш каме ҳасибу як шиша шароб ва тахташоколади нимхўрдае буд. Ў косаи самбӯсаи Зеборо во карда, мисли саги гурусна яку якбора чор самбӯса хўрд. Духтар дар чор сол натавонист, мисли одам хўрданро ба ин гушназада ёд диҳад. Бо дидани ѓизо чашмонаш қаҷ мешуданд ва мисли саги гурусна чунон мехўрд, ки тамоми дастархон пур аз майдаи ѓизо мешуд. Ва ҳамон бегоҳ ба нею нестони Зебо нигоҳ накарда, ба вай ҳамхоба шуд…
Зебои талхакаф дигар ба ѓуломи ин маймунбашара табдил ёфта буд ва оқибат ҳомиладор шуд. Чун аз ҳомиладорияш ба Комил гуфт, ў ба ҷойи дилбардорию ба вай хонадор шудан, ўро аз иҷорахонаи бўйинаш ронд ва аз қафояш дод зад:
-Ҳа, ту медонӣ, ки маро чӣ оянда дар пеш аст, аз ин рў, ба ман часпидаӣ, тушбераро хом шумурдаӣ, бойдухтари маккор.
Зебо рўзи дигар ба назди духтури занонае рафта, гўшвораҳои тиллоияшпро ба вай дода, тамоми саргузашташро ба ў нақл карду исқоти ҳамл кард. Ҳарчанд духтурзан ба вай гуфт, ки ин корро накун, ман туро барои писарам, ки ношунаво аст, келин мекунаму фарзандатро низ якҷоя калон мекунем, ў розӣ нашуд.
Касофати як хато
Чӣ рўзҳои сиёҳе гузашт аз сари духтарак бо касофати як хато, ў бо маслиҳати ҳамон духтурзан, як сол худашро ба ношунавоӣ зад. Духтурон дар гўшҳояш ягон иллатро намеёфтанду ҳайрон буданд. Модараш “аз тарс” гўён, ўро дар бузургтарин муллоҳо хононд, баъдҳо ба духтари «кар» касе хостгорӣ намеомад ва оқибат ўро ба ҳамон ҷавони «ҳамқисматаш» ба занӣ доданд. Ҷаҳонгир, ҷавонмарди зебое буд, ки аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, ў устои кандакор буд, вале гўшҳояш ношунаво ва як пояш каме ланг буд. Зебо шукр мекард, ки бе бадномӣ аз хонаи падар баромад ва шавҳарашро оҳиста-оҳиста ба хотири дили мардонааш дўст дошт. Хушдоманаш як зани аламкашида буд, ў ба писари холааш ба шавҳар баромада, чор фарзанди носолим таваллуд мекунад, ки аз олам чашм мепўшанд, баъд шавҳараш ту инвалидзой гуфта, ўро бо Ҷаҳонгири дусола аз хона меронад. Ҷавонзан ба пойтахт омада, ин ҷо кор мекунаду писарашро ба по мехезонад, шавҳараш зан мегирад, аммо Худованд ба ў фарзанд намедиҳад. Хушдоман Зеборо мисли духтараш дўст медошт, пас аз шаш моҳи тўй Зебо эълон кард, ки акнун мешунавад ва ба кор баромад…
Бозгашти латтамард
Пас аз ду соли зиндагии якҷояашон Зебо ва Ҷаҳонгир соҳиби писар шуданд, баъдтар духтараки заркокуле ба дунё омад, ки бо амри Худои муттаол солим буданд. Ҷаҳонгир дар як гўшаи шаҳр порчаяки заминеро харидорӣ намуда, бо дастони худаш қасри умедашро бунёд намуд, аммо афсўс зиндагӣ ба ў вафо накард. Писарашон донишгоҳро хатм карда, оиладор шуд ва баъди ҳафт моҳи тўйи ў падараш аз олам гузашт. Зебо ва кампири хушдоманаш дар марги Ҷаҳонгир хун мегиристанд, вале зиндагӣ идома дошт…
Писараш Оламафрўз тиҷорати худро кушода, муваффақ гашт, Нигинаро бошад, бародари калонии Зебо келин кард. Ҷиянаш дар Амрико зиндагӣ мекарду Нигинаро ҳамроҳаш бурд. Зебо низ дар зинаҳои мансаб боло рафту Худованд барояш зиндагии шоистаеро ато кард. Ҳамроҳи модару хушдоманаш ҳаҷ рафта, ҳоҷӣ шуд…
Имрўз Зебо аз бозгашти Комили латта дар ҳайрат буд, то ҷое медонист, ў аз деҳаашон зан гирифта овард, ҳамеша зери домони модархондаш Ҳусноро Ҳасановна ифтихор мекард, боз як кампираки дигар ҳам ёфта буд, ин ҳамаро Зебо баъзан аз забони ҳамкурсон мешунид. Ва ин латтамарди мудом дар зери домони занон пинҳонро аз ёд ҳам бурда буд, охир ў ба нохуни пойи Ҷаҳонгираш намеарзид.
Зебо ба котибааш фармуд то барои меҳмон қаҳва биёрад ва сабаби ташрифашро аз ў пурсид. Зебо хато накарда будааст…
Ҳарду кампираки ў фавтида ҳамсари бечорааш, ки як умр бори хиёнат мекашидааст, рўйи бистари марг қарор доштааст. Ба вай домони Зебо даркор будааст….
Вақте Комил як чашми сиҳаташро ба ў дўхта пурсид, ки фарзандамон канӣ, ў базӯр ѓазабашро чун як қатра заҳр фурў бурда гуфт:
-Исқоти ҳамл кардам.
-Ҳа… дўст намедоштаӣ да… Таваллуди фарзанди калоният чанд?
-Фарзанди калониям баъди панҷ соли исқоти ҳамл кардани ҳаромии ту ба дунё омадааст ва шукри Худои карим, ки аз як ҷавонмарди асил,- оромона ҷаво дод Зебо.
Лабони борики Комили касиф ларзиданду фашшос зад:
-Аз ҳамон кар?!
Зебо ин дафъа тамоми оби даҳонашро ҷамъ карда, ба рўйи ин номарди палид туф карду ўро мисли саги дайду аз ҳуҷраи корияш ронд…
Як моҳ пас аз ин воқеа ҳамкурсонаш ҷамъ шуданд, лаби дарёи Варзоб, чун мардҳо ба ҷомҳо шароб мерехтанд, Умари самарқандӣ гуфт:
-Худо раҳмат кунад, як ҳафта пеш Комил аз сактаи қалб даргузашт. ҳама даст ба рўй кашида омин гуфтанд.
Танҳо Зебо зери лаб гуфт:
-Хас каму ҷаҳон пок…
Дилошӯб