Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар як муроҷиаташ аз истиқоматкунандагони шаҳр хост ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро дуруст дарк намоянд.
Ба иттилои ин ниҳоди шаҳрдорӣ, бинобар сабаби боридани боронҳои шадид ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб фишори об паст мешавад.
Ба иттилои манбаъ, чунин ҳолат ба шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи Сино то дарвозаи Ҳисор ва кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов, Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис, қисмати поён- Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман дахл дорад.
Гуфта мешавад, ки чунин ҳолат ба кӯчаҳои Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоб -и ноҳияи Сомонӣ, кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода , Нисор Муҳаммад,Чехова кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, Х. Мирзо Турсунзода , М. Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур низ сурат мегирад
"Ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад", - навиштааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳавои номусоиди шаби 27 август махсусан дар пойтахт ва навоҳии атрофи он хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт. Оби Душанбе, ки асосан аз дарёи Варзоб сарчашма мегирад, дар ин самт фаромадани сели азим ва ярч сабт шуд.
Ба иттилои КҲФ офати табиӣ, дар километри дар километри 21-ум ва 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сар зад, ки боиси тирагии об гардид.