Дар шаҳри Конибодом боз чор нафари дигар кушта шудаанд, ки аъзои ду оила мебошанд. Ҳодиса шаби 15-уми декабр дар деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом рух додааст.
Тавре расонаҳо навиштаанд, ду нафар кушташудаҳо зану шавҳар ва ду нафари дигар модару писар будаанд.
Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-соларо беҳармона ба қатл расонидаанд, вале хушбахтона се фарзанди онҳо зинда мондаанд.
Афроди номаълум ҳамчунин Ойиша Шокироваи 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокировро ба қатл расонидаанд. Сабаби кушторҳо маълум нест ва мақомот низ ҳодисаро шарҳ надодаанд.