Дар ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ҳодисаи даҳшатборе рух дод, ки аз кӯдаки 7 сола то пири 70 сола аз шуниданаш ба даҳшат афтодаанд.
Ба дасти шавҳар кушта шудани зан дар вилояти Суғд бори аввал набошад ҳам, сар задани ин ҳодисаи нангин ҳамагонро ба ҳолати “шок” андохт, зеро марҳум ягон гуноҳи вазнине накарда буд, ки боиси куштор гардад.
Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 27-уми ояктбр рӯй дода, Бунафша Содиқова, ки баъди 10-соли интизриҳои тӯлонӣ соҳиби фарзанд гашта буд, ба дасти шавҳараш Ҳайдар Ҳайдаров гӯсфандвор кушта шудааст.
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд шоми 27-уми октябр, тахмин соатҳои 19:00 Бунафша Содиқоваи 38-сола ба ҳамсараш Ҳайдар Ҳайдарови 42-сола мегӯяд, ки ба хона модараш рафтанӣ аст, вале шавҳараш ба ин монеъ мегардад. Зан исрор менамояд, ки наздиконашро сахт пазмон шудааст ва онҳоро дидан мехоҳад, вале шавҳари худхоҳаш “Чаро хонаи модарат меравӣ? Он ҷо рафта чӣ мегӯӣ? Боз мегуӣ ки шавҳарам маро пеш кард? Ба ман гап нахар, безорам аз гапу калоча...” гӯён ҷангу ҷанҷолро сар мекунад.
Аз рӯи нақли худи Ҳайдар Ҳайдаров, баъди монеи рафтани занаш ба хонаи мдараш гаштани ӯ ҳамсараш нисбаташ суханони қабеҳ гуфта, оташи қаҳру ғазабашро аланга додааст. Ин баҳсу кашмакашҳо дар ошхона рух дода, мард сари қаҳр корди хоҷагиро гирифта ба қисмати гардани занаш мезанад. Ҳамин вақт тирезаи хона тиқ-тиқ мешавад. Ҳайдар мебинад, ки зани ҳамсоя омада тирезаро мекӯбад. Ба ҷойи он ки худро ба даст гирифта ба ҳамсараш ёрӣ расонад, марди ҷоҳил аз дидани ҳамсоязан бештар асабонӣ шуда, бо корди дасташ ва болғаи дар ошхона буда боз 15 маротибаи дигар ба гардан ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими занаш зарбаҳои ҷонкҳ зада, ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонад.
Ҳайдар ва Бунафша сокинони деҳаи Саразми ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷанкет буда, ҳанӯз 13 сол пеш оиладор шудаанд. Онҳо 10 соли оиладорияшонро дар интизори тавлиди фарзанд гузаронида, ҳамагӣ 3-сол пеш кӯдакдор шудаанд.
Бино ба гуфти нафарони огоҳ, Бунафша дар мактаб омӯзгор буду шавҳараш бекорчӣ, аз ҳаимн сабаб байни зану шавҳар тез-тез ҷангу ҷанҷол сар мезадааст. Оқибат ин моҷароҳои оилавӣ рӯзи 27-уми октябр бо хунрезӣ анҷом ёфта, боиси аз ҳаёти маҳрум гаштани зан ва ятим гаштани фарзанди деринтизораш гашт.
Айни замон аз ҷониби масъулини мақомоти Прокуратура ва ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент нисбати Ҳайдар Ҳайдаров тибқи моддаи 104-и КҶҶТ (одамкушӣ) парвадаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ин қазияи хунин дорад.