Шаби 11 ба 12-уми январ размикори 15-солаи тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев зимни ҷанҷол ва занозании як гурӯҳ наврасон дар маркази бозиҳои компютерӣ кушта шудааст.
Тавре корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, муноқиша дар як маркази бозиҳои компютерӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рӯй дода, бо марги ин варзишгари ҷавони тоҷик анҷом ёфтааст.
Масъулини Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон зимни суҳбат бо журналистон гуфтаанд, ки ҷанозаи Муҳаммадалӣ Саъдуллоев имрӯз дар шаҳркаи 10-уми Кӯлоб, хонаи 24 баргузор мегардад, аммо мақомот ҳанӯз дар ин бора расман хабаре нашр накардаанд.
Хотиррасон менамоем, ки Муҳаммадалӣ Саъдуллоев соли 2024 унвони Чемпиони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст оварда буд.