Formula novemver 2024
Курта бар ивази ду хона
1367

Имрӯз дар бораи либосе ҳарф мезанем, ки қимматаш ба як хонаи дуҳуҷраги баробар аст. Боварнокарданист, вале ин ҳақиқат дорад.

Фазол Абдулло, моделери машҳури малайзиягӣ, либоси шабнишиниеро таҳия намудааст, ки нархаш 30 000 000 доллари амрикоист. Ин либос соли 2009 дар намоишномаи "STYLO Fashion GrandPrix KL" ба намоиш гузошта шудааст ва то кунун аз он қимматтар либосе офарида нашудааст.

Сиррии қиматии ин курта дар он аст, ки дар домани пасаш 751 брилианти маркаи "Mouawad" дӯхта шудааст. Ранги либос ҷигарӣ аст ва дар олами мӯд нишони либоси қиммат мебошад. Санги аз ҳама калоне, ки дар ин либос дӯта шудааст, брилианти 70-каратаи нокмонанд аст ва дар сари синаи курта овезон аст. Ҷилваи ороишоти либос чашми касро хира менамояд.

Либос ба шарофати нишони пойтахти Малайзия Куала-Лумпур “Булбули Куала-Лумпур” номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи бисёре аз коршиносони соҳаи мӯд ин либос “шедевр” аст ва ҳамто надорад

Албатта, мунақидоне низ ҳастанд, ки вазнин будани куртаро танқид намудаанд, вале дар умум ранг, духт ва ҷавоҳиротҳое, ки истифода шудаанд, назир надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Кадыр 2023-05-24, 19:20
Саодатчон нархи як хонаи ду хучраги дар Точикистон 30 миллион шудги мы?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Кадыр 2023-05-24, 19:20
Саодатчон нархи як хонаи ду хучраги дар Точикистон 30 миллион шудги мы?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД