Formula novemver 2024
КУРСИҶАНГ (ҚИСМИ 2)
2472

Муаллим субҳ писари ягонаашро ба беморхона бурда, аз муоинаи тибби гузаронд. Муҳаммадҷон як муддат дар беморхона бистарӣ шуд. Аҳмад - амак пасарашро пурра табобат намуда, аз беморхона бароварду ба хона бурд.

Дар ин миён Назаралӣ аллакай майзадаи гузарое шуда буду барои қасос гирифтан аз муаллим ба ҳама кор тайёр буд.

Ҳаваси донишҷӯӣ

Аз байн 5 сол гузашт. Муҳаммадҷон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ тайёрӣ медид. Мехост ба Донишгоҳи омӯзгории кишвар дохил шуда, дар оянда чун падараш муаллим шавад. Ӯ бачаи зираку босавод буд ва бисёр талош мекард, то унвони донишҷӯиро соҳиб шавад.

Муҳаммадҷон имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супорида, таҳсилашро дар донишгоҳ оғоз кард. Хулқу атвори хуби ӯро дида, роҳбари гуруҳу ҳамабақонаш Муҳаммадҷонро сардори гуруҳ интихоб карданд. Ӯ ҳамеша ба дарсҳо бо тайёрии ҷиддӣ меомад ва мавзӯъҳоро буррову фаҳмо ҷавоб медод.

Дӯстӣ ва муҳаббат

Баъд аз се моҳи таҳсил Муҳаммадҷон ба яке аз ҳамсабақонаш, ки Аниса ном дошта, аз ноҳияашон буд, шинос шуд. Байни онҳо муносибити дӯстӣ пайдо шуд. Ҳамдигарро сахт эҳтиром намуда, ба омода кардани дарсҳо кӯмакрасони ҳам буданд.

Бо мурури замон ин дӯстии онҳо ба муҳаббати пок табдил ёфт. Ҳарду ҳам якдигарро он қадар дӯст медоштанд, ки ишқашон назир надошт. Кӯшиш мекарданд, ки муносибати онҳоро ҳамсабақону омӯзгоронашон нафаҳманд, то баъд хандахаришу мазоҳшунав нашаванд.

Аниса дар хонадони омӯзгор таваллуд шуда, бисёр духтари зебо, ҳушёр ва босавод буд. Ӯ ҳам чун Муҳаммадҷон ҳамеша супоришҳои омӯзгоронро сари вақт иҷро мекард.

Қасос

Дар гуруҳи Муҳаммадҷонино яке аз хешовандони Назаралӣ таҳсил мекард. Вақте пиракӣ инро шунавид, хеле хурсанд шуд ва хешашро ба хонааш даъват намуда, барояш маблағ доду амр кард, ки дар донишгоҳ Муҳаммадҷонро ором нагузорад. Кӯшиш кунад, ки бачаро дар байни ҳамкурсонаш сарахам намояд.

Мутаассифона, муносибати Муҳаммадҷону Аниса аз чашми ӯ дур намонд. Боре ҳардуи онҳоро дар яке аз боғҳои фарҳангии пайтахт дастобадаст диду баъди ду рӯз ин воқеаро нарезондаву начаконда ва бо иловаи боз чанд туҳмати дигар ба ҳамсабақонаш нақл кард.

Пагоҳии ҳамон рӯз вақте Муҳаммадҷон ба дарс омад, ҳамаи ҳамкурсон ӯро табрик намуда, “Худо хоҳад туй мехӯрем” гӯён масхара кардан гирифтанд. Муҳаммадҷон аз ин табрики ҳамсабақон дар ҳайрат монда, аз ӯ пурсид, ки “чӣ гуна туй?” Ҳамсабақон он чизеро, ки Ҷамшед ба онҳо гуфта буд, айнан нақл карданд.

Муҳаммадҷон ин ҳамаро шунида, руҳафтода шуд ва дилаш ба ҳоли Аниса сахт сӯхт. Бо як азоб худро ба нодонӣ зада, ин суханҳоро инкор карду дигар дар донишгоҳ наистода, ба хона баргашт.

Масъалаи зангирӣ

Ӯ рӯзи шанбе ба хонаашон барои аёдати падару модараш омад. Онҳо ҳолати парешони ӯро дида, ”ба ту чӣ шудааст?”, - гуфта пурсиданд. Муҳаммадҷон мехост асли воқеаро ба онҳо фаҳмонад, аммо шарм дошта, хомӯш истод. Модараш ин ҳолати ӯро дида, вазъиятро фаҳмиду ба Аҳмад - амак рӯ оварда, гуфт, ки “писарамон ба воя расидааст. Ӯро танҳоӣ азоб медиҳад. Акнун мо вазифадорем, ки ӯро оиладор кунем. Дар дами пирӣ соҳиби набера шавему ҳузури ҳаётро бинем”.

Муаллим ин суханҳои занашро шунида, онҳоро тасдиқ намуду “рост мегӯӣ, очеш. Ҳатман ин масъаларо дидан даркор! Писарамонро бояд тезтар оиладор кунем. Мо қарзи волидайнии худро бояд дар назди Худованд анҷом диҳем”, - гуфт. Муҳаммадҷон гуфтугӯи падару модарашро шунида, аз шарм суп - сурх шуд, вале дар дил хурсандӣ мекард, ки ниҳоят волидонаш дили ӯро фаҳмиданд. Акнун ӯ метавонист бемалол асли воқеаро ба онҳо нақл кунад, аммо аз шарм нагуфт.

Дарди дил

Субҳи рӯзи душанбе ӯ аз падару модараш дуо гирифта, роҳ сӯйи пойтахтро пеш гирифт. Муҳимтар аз ҳама барояш ин буд, ки ӯ ба назди маъшуқааш рафта, асли воқеаро ба Аниса мегӯяд. Шояд ӯ ин суханҳоро шунида, хеле хушҳол шаваду барои омадани хостгорҳо ба хонаашон розигӣ диҳад.

Муҳаммадҷон дар танаффус ба пеши мизи Аниса омада, ба ӯ гуфт, ки бояд баъди дарс суҳбат кунанд, ба ӯ гуфтаниҳои зиёд дорад. Баъд аз дарс ҳарду якҷоя ба яке аз боғҳои шаҳр рафтанд. Аниса аз он дар ҳайрат буд, ки Муҳаммадҷон ба ӯ чӣ мегуфта бошад? Ӯ аз Муҳаммадҷон пурсид, ки “тиҷӣ аст?” Бача намедонист гапро аз куҷо сар кунад. Ниҳоят, ӯ худро ба даст гирифта, муколамаи хонаводаашонро ба Аниса нақл кард. Аз ӯ пурсид, ки агар хоҳад падару модаррашро ба хонаашон барои хостгорӣ равон кунад.

Аниса вақте ин пешниҳодро шунид, хушҳол шуда, розигӣ дод. Муҳаммадҷон аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Ӯ ҳатто чӣ гуна расиданашро ба хобгоҳ нафаҳмида монд. Барои ба хона рафтан ӯ бояд як ҳафтаи дигар тоқат мекард.

Ниҳоят рӯзи шанбе фаро расид. Муҳаммадҷон бо беқарории зиёд ба назди падару модараш рафт, то аз рози дилаш онҳоро огоҳ кунад. Орзу дошт, ки онҳо ҳам ӯро фаҳмида, барои ба висоли дилдодааш расидан, розигӣ медиҳанд.

Давом дорад ...

P. S: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД