1xbet
Куриёи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро ба кор дават мекунад
55

Куриёи Ҷанубӣ омода аст 600 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кор таъмин намояд. Музди миёнаи меҳнат аз 1500 доллари амрикоӣ дар як моҳ оғоз ёфта, вобаста ба миқдори соатҳои корӣ ва коре, ки муҳоҷир иҷро мекунад, зиёд карда мешавад.

Хоҳишмандон барои ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бояд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намуда, худро номнавис кунанд ва бо шарту шароитҳои кор дар Куриё ошно шаванд.

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Куриёи Ҷанубӣ мардони синну солашон аз 19 то 39-сола, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, қаблан аз кишвари Куриё ихроҷ нашудаанд ва вазъи саломатиашон хуб буда, ба анҷом додани корҳои гуногуни ҷисмонӣ омада ҳастанд, фиристода мешаванд.

Қабл аз сафар муҳоҷирон ба курсҳои омӯзиши забони куриёӣ ва касбу ҳунарҳои зурурӣ ҷалб карда мешаванд. Касбомӯзӣ ва омӯхтани забони куриёӣ шарт ва зарур мебошад, зеро қабл аз сафар аз муҳоҷирон бо забони куриёӣ ба таври тестӣ тибқи барномаи EPS-TOPIK имтиҳони касбӣ гирифта мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври расмӣ аз рӯйи барномаи E-9 (Employment Permit System) барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ фиристода шуда, дар бахши моҳидорӣ, кишоварзӣ, сохтмон, истеҳсолот ва хизматрасонӣ кор мекунанд.

Хоҳишмандон метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД