Курбоналӣ Абдуллоев, яке аз маъруфтарин ситораҳои санъату мусиқии тоҷик, тасмим гирифтааст тарки овозхонӣ кунад. Ӯ дар ин бора рӯзи 12 май, дар саннаи таҷлили "Рӯзи Шашмақом" дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Сароянда бо навиштани як баёнияи кӯтоҳ иттилоъ додааст, ки минбаъд саҳнаи калон ва умуман ҳунармандиро тарк мекунад. Ҳамчунин, ӯ аз онҳое, ки бо кадом далеле аз сароянда ранҷидаанд, дар даҳаи мағфирати ин моҳи муборак бахшиш пурсидааст.
Курбоналӣ Абдуллоев бо суруди "Қишлоқаки ман бӯйи чапотӣ дорад" миёни хосу ом маъруф аст.