Arzon march 2024
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда ҳушдор дод
420

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки дар давоми шабонарӯзи наздик хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон боқӣ мемонад.

Дар ин робита, Кумита ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳо дар манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Илова бар ин, Кумита барои пешгирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии сел аз аҳолӣ даъват менамояд, ки сари вақт ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаву регу сангу шағал тоза кунанд, то оби зиёд бемонеа роҳи бурунрафт дошта бошад ва ба манзилҳои истиқомативу хоҷагиҳои ёрирасон осеб нарсонад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД