Arzon march 2024
Кумитаи дин духтари Сурайё Қосимоваро ба суҳбат даъват кард
818

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дод, ки ин ниҳод Рӯзигул Ёраҳмадова, духтари овозхони номдор Сурайё Қосимоваро ба суҳбат даъват кардааст.

Дар вокуниши Кумитаи дин гуфта шудааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он шаҳрванд Ёраҳмадова Рӯзигул Назирмадовна (фарзанди ҳунармандани шинохта Сурайё Қосимова) дар маросими хонадоршавии писараш берун аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, ба исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ даст задааст.

Гуфта шудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 16июли соли равон шаҳрванд Рӯзигул Ёраҳмадова барои суҳбат бо намояндаи мақоми ваколатдор – Кумитаи дин даъват карда шудааст.

“Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ин кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуд”,- навиштааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз тибқи моддаи 12, банди 2- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қудошавандаи Рӯзигул Ёраҳмадова, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Раҷабалӣ Ширинзода низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 12, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкили маъракаҳои фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рўйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арўс ва маъракаҳои дигари бо тўйи домодию арўсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД