Рӯзи 17-уми октябр Қори Қаҳҳор ном домулло дар деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор дар ҷанозаи духтараки дӯшизаи 25 сола кӣ баъди 11 соли азият кашидан аз бемории қанд ба Ҳақ пайваст, падари майитро сарзаниш карда, чунин хитоб кард:
“Ман медонам, ки ин оила бенамоз ҳастанд ва ин хоҳар низ шояд намоз мехонд ва ё шояд намехонд. Бенамоз кӣ аст? Бенамоз ҳоҷатхона аст. Бенамоз саги мурда аст...” Ва чунин алфози боқаҳру ғазабро пушти ҳам қатор кард.
Аҷабо, оё нафареро, ки ҷигарбандашро аз даст додааст ва хун мегиряд, ҳамин лаҳза бо ҳамин лаҳн мазаммат кардан аз таълимоти дини мубини Ислом аст? Оё ин Домулло ба фармудаи шаръии “Изои муъмин ҳаром аст” созгор мебошад? Оё дағалона ба мардум муносибат кардан ба назар нагирифтани фармудаи шариати азизамон “Малоли қавм ҷоиз нест” намебошад? “
Ин навиштаро Абдуқодир Талбаков дар саҳифааш ҷо карда гуфтааст, ки ӯро яке аз корбарон барояш фиристодааст, ки дар миёни корбарон сару садои зиёдро ба бор овард.
Дар паи ин пурсиши пурсарусадо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот нашр кард. Дар изҳоротомадааст, ки шаҳрванд Мирзоев Абдуқаҳҳор Гурезович дар ягон масҷиди ҷомеъ ё панҷвақтаи кишвар ба сифати имомхатиб ё имом фаъолият намекунад.
Тибқи иттилои бадастомада, рӯзи 17 октябр номбурда дар деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор намози ҷанозаро имоматӣ кардааст. Дар ҳоле ки тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятро имоми масҷиди панҷвақтаи деҳа дорад. Имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи мазкур Аминов Неъматулло мебошад.
Эҳтимолияти паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад.
Корбарони шакаҳои иҷтимоӣ зери ин матлаб шарҳҳои зиёд навишта, рафтори муллоро маломат намудаанд.