Formula novemver 2024
Кумитаи амният овозаҳоро дар бораи омодагӣ ба амали террористӣ беасос хонд
353

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари боздошти шаҳрвандон дар робита ба кӯшиши амали террористӣ дар Наврӯзро беасос номид.

Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфт, баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд.

«Таъкид менамоем, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд»,- гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қаблан, хабаргузориҳое, чун Радиои Озодӣ, “Азия Плюс” ва Рейтерз хабар дода буданд, ки маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чанд сокини кишварро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд. Хабаргузориҳои “Рейтерс” ва “Азия-Плюс” аз боздошти 9 кас хабар дода буданд. Озодӣ ин шумораро 20 кас гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД