Formula novemver 2024
Кумита барои пардохти андоз бо бонкҳо шартнома бастааст
1314

Барои беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон аз ҷониби Кумитаи андоз номгӯи хизматрасониҳо васеъ гардонида шуда, шумораи он ба 81 адад расонида шуд. Ин нуктаро Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози дар нишасти хабарии имрӯз қайд намуд.

Ӯ таъкид кард, бо вуҷуди он ки шароитҳои мусоид барои бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ, ташкили рақамикунонӣ ва амалӣ намудани доду гирифти маълумотҳо миёни вазорату идораҳо дар шакли электронӣ мавҷуд аст, вале ҳоло ҳам аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз бо аксарияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ созишномаҳо ҷиҳати ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба имзо расонда шудааст.

Зикр шуд, ки бақияи қарзи андозҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 764,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36, 2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД