Кумаки ТИКА ба дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбӣ
05.11.2025
Oila.tj
102

 

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бо лоиҳаи амалинамудааш, ки ҳадафаш баланд бардоштани иштироки маъюбон дар ҷомеа тавассути варзиш мебошад, ба дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбии кишвар кумак кардааст.

1_26

Дар ҳамкориҳои ТИКА, Федератсияи варзиши маъюбони Туркия ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон барои дастаҳои баскетболи маъюбони "Ғайрат" ва "Ваҳдат"-и Тоҷикистон як лагери тамринӣ баргузор карда шуд.

2_50

Дар доираи лоиҳае, ки дар соли 2024 оғоз шуда буд, ТИКА инфрасохтори техникии дастаҳои «Ғайрат» ва «Ваҳдат»-ро дар Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии иштироки маъюбон дар варзиш ва дастгирии касбии дастаҳо таҳким бахшидааст. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа, дар лагери омӯзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мураббиёни коршинос аз Туркия барои варзишгарони кишвар оид ба мавзуҳои асосҳои рондани аробача, пасдиҳӣ, идораи тӯб, техникаи партофтан, стратегияҳои ҳамла ва дифоъ, ҳамоҳангсозии чашму даст, қоидаҳои бозӣ ва таснифот машғулияти омӯзишии назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

3_45

Маҳмуд Амонзода, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар маросим аз дастгирии ТИКА барои шахсони имкониятмаҳдуди кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки онҳо аз муваффақияти Туркия дар варзишҳои паралимпӣ илҳом гирифтаанд.

4_38

Ибраҳим Этҳем Унал, Ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳадафи ин лоиҳа ба дастаҳои мазкур фароҳам овардани имконияти расидан ба сатҳи иштирок дар бозиҳои паралимпии миллӣ ва байналмилалӣ ва фароҳам овардани имконияти иштироки самараноктари шахсони маъюб дар ҳаёти иҷтимоӣ тавассути варзиш мебошад.

5_25

Дар доираи лоиҳаи мазкур, дар марҳилаи оянда ташкили барномаҳои нави тамринӣ ва бозиҳои дӯстона байни дастаҳои баскетбол дар аробачаҳои маъюбии ду кишвар ба нақша гирифта шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД