Arzon march 2024
КУЛЧАҚАНДИ ЧИЗКЕЙК БО ҚУЛФИНАЙ
1606


               Маҳсулоти лозима:

150 грам – печени
50 грам – равғани маска
Барои ороиш:
200 грам – қаймоқ (45%)
200 грам – панири дилмашуда (творог)
200 грам – ширқиём
200 грам – панири дилмашуда (Labne)
4 – 5 дона – қулфинай

                          Тарзи таҳия:

Дар аввал печениҳоро дар блендер майда кунед. Ҳар гуна печение, ки бошад, мешавад. Блендер набошад онро дар зарф гирифта майда кунед.
Печенҳоро, ки майда кардед, маргаринро об карда ба он илова кунед ва хуб омехта намоед.

Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук кунед ва маҳсулоти бо печенӣ омода кардаро дар он гиред. Бо стакон пахш карда доирачаҳо бурред ва қулфинайро аз байнаш 2 тақсим карда дар байнаш гузоред.

Дар зарфи дигар қаймоқ ва панири дилмашуда гирифта, бо мискер лат занед ва ба дарунаш ширқиём ва панири дилмашуда (Labne) андохта бо миксер хуб лат занед.
Малҳамро ба қолаб аз болои печенҳо мерезед.

Чизкейкро як шабонарӯз дар яхдон нигоҳ доред, пасон, дар болояш қулфинайро реза карда оро диҳед. 30 дақиқа дам мегирад, баъдан мебуред ва истеъмол мекунед. Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД