Дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар қуръакашии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар қувваозмоӣ хоҳад кард.
Бозии ин дастаҳо имрӯз зимни маросими қуръакашӣ муайян гардид.
Гуфта мешавад, яке аз бозиҳои гуруҳии “Истиқлол” бо “Ал-Наср” дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва яке аз футболбозони машҳури ҷаҳон Криштиану Роналдо, ки дар дастаи “Ал-Наср” бозӣ мекунад, шояд ба Тоҷикистон ояд.
Мувофиқи қуръакашӣ, бозии аввалини гуруҳӣ байни дастаҳои “Персеполис” ва “Ал-Наср” ва “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” дар шаҳри Теҳрони Эрон доир мегардад.