arzon replenishment
Котлет аз минтай
01.02.2025
Oila.tj
244

Маҳсулоти лозима:

50 грамм нон,

500 грамм моҳии минтай

40 мл равғани растанӣ

150 мл шир

2 қошуқ нонхушк,

1 тухм.

Тарзи таҳия:

Нонро дар шир тар карда, баъдан якҷоя бо гӯшти моҳӣ аз гӯштқимакунак гузаронед. Ба қима тухм, намак ва мурч илова карда, бо даст хеле омехта созед. Бо даст омезиш додани қима онро яклухту ширадор мекунаду ҳангоми пухтан котлетаҳо реза намегарданд. Барои қима ба дастатон начаспад, дастонатонро ба оби хунук тар карда, аз қима котлетаҳои хурд сохта, дар нонхушки реза омехта кунеду дар тобаи тафсони равғандор аз ду тараф сурх кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД