Маҳсулоти лозима:
250 грамм гулкарам, 1 пиёз, 2 тухм, 50 грамм орд, 10 грамм ҷаъфарӣ, намак.
Тарзи таҳия:
Гулкарамро ба шохаҳояш ҷудо карда, дар намакоб пазед. Баъди пухтанаш онро бо блендер майда карда, ба гулкарами майдашуда ҷаъфарии реза, тухм ва орд илова карда, нағзакак аралаш кунед. Дар тоба равғани растанӣ ё равғани маскаро тасфонида, аз қиммаи гулкарамдошта як қошуқӣ рехта, котлетҳоро аз ҳар ду тараф сурх кунед.