arzon replenishment
Котибаи шавҳарам маро девона мекунад
26.02.2023
Оила
1752


Дуруд ба ҳама. Ман як зани оиладору фарзанддор ҳастаму бо баъзе сабабҳо ному насаби худро гуфтан намехоҳам. Гап сари он аст, ки вақтҳои охир аз рашки зиёд нисбати шавҳарам касалӣ шудаам.

Шояд гумон кунед, ки ман худам табиатан зани бадрашкаму шавҳарамро ба ҳар ходачӯби сари роҳ рашк мекунам. Не, хонандаи азиз, сабаби сар задани рашки ман котибаи шавҳарам мебошад.

Азбаски шавҳарам марди пулдор аст, зодрӯзашро дар тарабхонае ҷашн гирифта будем. Дар ҷашн котибаи шавҳарам низ ҳузур дошт, ки худро орову торо дода, дар пеши чашми ман ба шавҳарам қош паронида, ҳар гуна имову ишораҳо мекард.

Аз ҳамон рӯз сар карда, ман орому қарорро аз даст додаам, шабҳо хоб мебинам, ки шавҳарам бо котибааш ишқварзӣ мекунанд. Ҳатто шабе дод зада, аз хоб бедор шудам. Ба назарам намуд, ки ин духтари шаттоҳ байни ману шавҳарам дар бистар хоб аст.

Вақте шавҳарам бедор шуда, маро ба худ овард, гуфтам, ки дар хобам сиёҳӣ пахш кардааст. Чанд маротиба ба шавҳарам дар ин бора дарди дил кардам, вале ӯ мегӯяд, ки беҳуда рашк накунам. Қасам мехӯрад, ки байни уву котибааш ягон гап нест, аммо ман ба вай бовар надорам.

Рӯз ба рӯз даруннакӣ сӯхта хокистар шудаам. Хобам паридааст. Мехоҳам рафта, котибаи шавҳарамро тарсонам ё аз мардакам талаб кунам, ки ӯро аз кор пеш кунад. Шумо чи маслиҳат медиҳед, агар ин корро кунам, мардакам шарманда шуда, хонавайрон намешавам?
М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД